Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳокими вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкатҷон Абдуразоқовро ба ҳузур пазируфт.
Ҳайати вилояти Намангон бо роҳбарии ҳокими вилоят барои иштирок дар Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2024» ба вилоят ташриф овард.
Аснои мулоқот роҳбарони вилоятҳо аз густариши ҳамкории мутақобилан судманд, ки самараи сиёсати оқилонаи сарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аст, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз тақвияти робитаҳои дӯстона бо вилоятҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон истиқбол карда, барои боз ҳам тавсеа ёфтани муносибатҳо омодагии худро изҳор дошт. Таъкид карда шуд, ки соҳибкорони ду вилоят метавонанд дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ тарҳҳои барои ҳарду ҷониб манфиатбахшро амалӣ созанд.