Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Тери Ҳакала мулоқот намуд.
Раиси вилоят зимни суҳбат таъкид кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо Иттиҳоди Аврупо ҳамкории густардаро ба роҳ монда, миёни сохторҳои Тоҷикистон ва ин ташкилоти байналмилалӣ робитаҳои гуногунҷанба мавҷуд аст.