Нимаи дуюми рӯзи 4 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода котиби Шӯрои умумиҷаҳонии ҳунармандон Саъд ал-Қаддумӣ ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.
Раиси вилоят меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хоса равона гардида, дар ин самт ҷиҳати дастгирии ҳунармандон як қатор барнома ва лоиҳаҳо татбик карда мешавад. Дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд бо ин мақсад дар мавзеъҳои таърихӣ растаи ҳунармандон, коллеҷу мактабҳои омӯзишӣ, марказҳои ҳунаромӯзӣ таъсис дода шуда, шумораи бештари сокинон ба касбомӯзӣ ҷалб карда мешаванд.