Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода Сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдонро ба ҳузур пазируфт.

Сафир ва ҳайати расмии ҳамроҳи ӯ бо мақсади иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд–2025» ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, таҳкими муносибатҳои дӯстона ва густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода иброз дошт, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дӯстона бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ пайваста рушд ёфта, заминаи мусоиди ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва иқтисодиву фарҳангиро фароҳам овардааст.

Ҷонибҳо саҳми муҳими сарони ҳар ду давлат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ходими ҳарамайн — Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ муҳтарам Салмон бин Абдулазиз Оли Сауд ва Валиаҳд Муҳаммад бин Салмонро дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва стратегӣ таъкид карданд.

Раиси вилоят афзуд, ки вилояти Суғд омода аст бо ширкатҳо ва доираҳои соҳибкориву сармоягузории Арабистони Саудӣ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва инфрасохтор ҳамкории судманд ба роҳ монад.

Сафири Арабистони Саудӣ аз пазироии самимӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки кишвараш ба рушди робитаҳои мутақобилан судманд бо Тоҷикистон, бахусус бо минтақаҳои пешрафтае ба монанди вилояти Суғд, таваҷҷуҳи махсус дорад.

Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо ба зарурати тақвияти бештари робитаҳо ва роҳандозии лоиҳаҳои муштарак таъкид намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд