Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони ташкилоти МАГАТЭ

30 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндагони ташкилоти МАГАТЭ-ро бо роҳбарии Стейскал Сандра Мари ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо аз таҳкими ҳамкорӣ миёни вилояти Суғд ва ташкилоти МАГАТЭ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки мақсад аз ташрифи меҳмонон гузаронидани мониторинги фаъолияти таҷҳизоти нурафканӣ дар шуъбаи табобати нурии Маркази саратоншиносии вилояти Суғд мебошад.

Соли 2025 дар асоси лоиҳа Маркази саратоншиносии вилояти Суғд бо дастгоҳи рентгении рақамии "Evolution", ки 203 132 евро арзиш дорад, таъмин шудаву айни замон таҷҳизот мавриди истифода қарор дорад. Дар назар аст, ки аз ҷониби ташкилот таҷҳизоти нурафкании "Брахитерапия" бо арзиши 324 055 евро низ дастрас карда шавад.

Бо дастгирии ташкилоти бонуфуз ҳамзамон 3 нафар мутахассисони Маркази саратоншиносии вилояти Суғд дар Маркази илмӣ-тадқиқотии онкологии шаҳри Москва ба бозомӯзӣ ҷалб гардидаанд.

Раиси вилоят барои дастгириҳои пайваста ба ташкилоти МАГАТЭ миннатдории самимии худро изҳор дошта, омодагии худро барои таҳкими ҳамкорӣ баён кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд