
24 апрели соли 2025 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кэтрин Смиттонро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати густариши муносибатҳои дӯстона ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд табодули афкор намуданд.
Таъкид гардид, ки рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт, бахусус саноат ва кишоварзӣ, барои ҳарду ҷониб манфиатовар хоҳад буд.
Раиси вилоят доир ба имкониятҳои мавҷудаи вилояти Суғд, истеҳсолу содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ маълумот дода, омодагии вилоятро барои қабули сармоягузорон ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак баён дошт.
Сафир аз пазироии гарму самимӣ изҳори сипос намуда, ҷиҳати таҳкими робитаҳо дар бахшҳои гуногун изҳори ҳавасмандӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Британия 15 январи соли 1992 барқарор шуда, ду давлат дар бахшҳои гуногун ҳамкории судманд доранд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




