Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо муовини губернатори вилояти Тюмени Федератсияи Россия Андрей Пантелеев

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муовини губернатори вилояти Тюмени Федератсияи Россия Андрей Пантелеевро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳо изҳори қаноатмандӣ карда, барои тақвияти ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Раиси вилоят аснои суҳбат афзуд, ки бо сиёсати пешгирифтаи роҳбарони ду кишвар Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин миёни минтақаҳои ду давлат равобити хубу дӯстона барқарор аст.

Таъкид карда шуд, ки имкониятҳои вилояти Суғд дар бахшҳои сайёҳии экологӣ, моҳидорӣ, шикор, кӯҳнавардӣ, солимгардонӣ ва фароғатӣ хеле фаровон буда, вилоят омода аст, ки ҳамкориро бо ширкатҳои сайёҳии Россия тавсеа бахшад.

Маврид ба зикр аст, ки гардиши молу маҳсулот миёни вилояти Суғд ва вилоятҳои Федератсияи Россия дар соли 2024 ба 680 миллион доллар расидааст, ки ин нишонаи равшани рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд мебошад. 

Дар ин рӯз ҳамчунин мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Ислом Назаралиев — Раиси Шӯрои соҳибкорони Россияву Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сайёҳӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки меҳмонон аз Федератсияи Россия ҷиҳати иштирок дар Форуми дуюми байналмилалии сайёҳии "Суғд-чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим" ба вилояти Суғд ташриф овардаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд