
Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муовини Раиси вилояти Витебски Ҷумҳурии Беларус Вячеслав Дурновро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон ва сайёҳӣ баррасӣ гардиданд.
Раҷаббой Аҳмадзода зикр намуд, ки бо сиёсати оқилонаи сарони давлатҳо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко миёни вилоятҳои ду мамлакат ҳамкорӣ дар сатҳи баланд қарор дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2024 гардиши молу маҳсулот миёни вилояти Суғд ва минтақаҳои Ҷумҳурии Беларус наздик ба 60 миллион долларро ташкил додааст.
Ҷонибҳо дар самти таъсиси корхонаҳои муштарак дар самти коркарди пахта, чарм, маҳсулоти кишоварзӣ, металлургӣ ва тақвияти робитаҳо ҷиҳати рушди сайёҳӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки меҳмонон аз Беларус ҷиҳати иштирок дар Форуми дуюми байналмилалии сайёҳии "Суғд-чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим" ба вилояти Суғд ташриф овардаанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




