
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода директори Агентии рушди агросаноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуралӣ Абдуллоевро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба, густариши муносибатҳо, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти кишоварзӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Раиси вилоят меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, аз ҳамкории судманду манфиатбахши тарафҳо изҳори қаноатмандӣ намуд.
Таъкид гардид, ки густариши робитаҳо ва таҳкими муносибатҳо самараи сиёсати оқилонаи сарони давлатҳо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев буда, ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳо низ ривоҷу равнақ меёбад.
Тазаккур дода шуд, ки Агентии рушди агросаноати Ӯзбекистон дар самти бунёди боғҳои интенсивӣ бо истифода аз технолгияҳои пешрафти аврупоӣ таҷрибаи калон дошта, дар назар аст, ки дар вилояти Суғд низ бо истифодаи таҷрибаи пешқадам бунёди боғҳои интенсивӣ ба роҳ монда шавад.
Ҷонибҳо барои татбиқи лоиҳаҳои нав изҳори омодагӣ карда, нақшаи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




