Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбари ширкати "Инсян Групп"-и Ҷумҳурии мардумии Чин Хуан Лонро ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат ҷонибҳо аз таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Чин, ки самараи сиёсати оқилонаи сарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин аст, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба меҳмонон доир ба имкониятҳои иқтисодию сармоягузории вилоят маълумот дода, иброз дошт, ки дар вилоят якчанд корхонаи муштарак фаъолият дорад. Ҳанӯз имкониятҳои истифоданашуда зиёд буда, вилояти Суғд метавонад ҳамкориҳоро тақвият бахшад.
Роҳбари ширкати "Инсян Групп"-и Ҷумҳурии мардумии Чин Хуан Лон бо изҳори сипос аз қабули гарму самимӣ доир ба фаъолияти ширкат маълумот дод. Ширкат ба истеҳсоли мошинҳои боркаши барқӣ, сабукрав, партовкашон, оташнишон, боркашони хурд, автобусу микроавтобуси барқиву дизелӣ ва моторолҳои барқӣ машғул мебошад.
Тазаккур дода шуд, ки пас аз омӯзиши имкониятҳои мавҷуда ширкат омода аст ҳамкориро бо вилояти Суғд дар самти истеҳсоли мошинҳо ба роҳ монад.
Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкорӣ ба анҷом расид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд