Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳокими вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акмалҷон Маҳмудалиевро ба ҳузур пазируфт.
Ҳайати вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии савдо "Суғд-2024" ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, дар чорабинии сатҳи баланд иштирок намуд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот аз густариши робитаҳои дӯстона миёни вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки самараи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аст, изҳори қаноатмандӣ намуд.
Таъкид гардид, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои зиёд буда, дар шаҳру ноҳияҳои он зиёда аз 1000 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад. Соҳибкорони вилоят метавонанд бо соҳибкорони вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамкории судмандро ба роҳ монанд.
Ҳокими вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акмалҷон Маҳмудалиев иброз дошт, ки чорабинии байналмилалӣ дар сатҳи баланд ҷараён гирифта, доираҳои тиҷоратии вилояти Сирдарё низ дар он иштирок намуданд.
Тарафҳо изҳори боварӣ намуданд, ки дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии савдо "Суғд-2024" соҳибкорони ду вилоят барои тақвияти робитаҳо аз имкониятҳо истифода менамоянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд