Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Тошихиро Аики

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошихиро Аикиро ба ҳузур пазируфт.

Дипломати ҷопонӣ ва ҳамроҳонаш ҷиҳати иштирок дар Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2024" ба вилоят ташриф оварданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Ҷопон изҳори қаноатмандӣ карданд.

Раиси вилоят ба саҳми сафорати Ҷопон дар амалигардонии лоиҳаҳои иҷтимоӣ баҳои баланд дода, омодагии худро барои густариши робитаҳо изҳор дошт.

Таъкид гардид, ки Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2024" майдони хуби гуфтушунид бо шарикони рушд аст ва доираҳои тиҷоратии ду тараф метавонанд тарҳҳои навро омода ва татбиқ созанд.

Тошихиро Аики ҳадафи сафарашро шарҳ дода, илова намуд, ки ташкили чунин ярмаркаҳо барои дарёфти шарикону ҳамкорони нав мусоидат менамояд.

Ӯ ҳамзамон омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳо баён дошт.

Ёдовар мешавем, ки даҳумин Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2024" рӯзҳои 18 ва 19 июн дар шаҳри Хуҷанд доир мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд