Рӯзи якшанбеи 10 апрел ҳайати соҳибкорони вилояти Липетски Федератсияи Россия бо роҳбарии Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолий Голтсов ба вилояти Суғд ташриф овард.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар мулоқоти дуҷониба бо Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолий Голтсов меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, изҳори боварӣ кард, ки сафари навбатии соҳибкорону масъулони вилояти Липетск ба вилояти Суғд ба ҳамкориҳои дуҷониба такони нав хоҳад бахшид.
Дар мулоқоти васеи ҷонибҳо, ки дар Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд ҷараён гирифт, ҳарду тараф хостори тақвияти ҳамкориҳо ва зиёд намудани мубодилаи молу маҳсулот шуданд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қайд намуд, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои зиёд буда, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръат ҳадафи стратегӣ эълон гардидааст. Доираҳои тиҷоратии ҳарду вилоят метавонанд барои ташкили корхонаҳои муштарак иқдом кунанд, ки ба манфиати ҳарду ҷониб хоҳад буд.
Ҳамзамон маълумот дода шуд, ки дар вилояти Суғд маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ истеҳсол гардидаву коркард мешавад ва содироти он ба бозорҳои вилояти Липетск метавонад манфиатовар бошад.
Анатолий Голтсов бо қаноатмандӣ аз истиқболи самимӣ аз густариши робитаҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ изҳори хушнудӣ намуд.
Қайд карда шуд, ки вилояти Липетск ба афзоиши додугирифти тиҷоратӣ омода аст ва ба меваю сабзавоти Тоҷикистон дар Россия талабот мавҷуд аст.
Ҷонибҳо дар охир таъкид карданд, ки миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск якчанд созишномаҳои ҳамкорӣ мавҷуд буда, дар доираи ин санадҳо минбаъд ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ тавсеа бахшида хоҳад шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд