Мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев ва Консули генералии ФР дар шаҳри Хуҷанд Сергей Ланкинро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар, ки самараи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин аст, изҳори қаноатмандӣ намуданд. 

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки вилояти Суғд бо минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дошта, бо сармояи муштарак як қатор корхонаҳои саноатӣ дар вилоят фаъолият доранд. Таъкид карда шуд, ки вилояти Суғд омода аст ҳамкорӣ дар бахшҳои саноату кишоварзӣ, дорусозӣ, сайёҳӣ, фарҳанг, илму маорифро боз ҳам тақвият бахшад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев низ дар навбати худ барои таҳкими равобити дӯстона изҳори омодагӣ карда, илова намуд, ки дар густариши ҳамкорӣ консули генералии ФР дар шаҳри Хуҷанд Сергей Ланкин, ки нав ба ин вазифа таъин шудааст, хизмат хоҳад кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд