Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам Во Ван Тхионг барқияи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
Шуморо ба муносибати интихоб шуданатон ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам сидқан табрик менамоям.
Ба Шумо саломатии бардавом ва дар фаъолиятатон дар ин маснади пурмасъули давлатӣ комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Вйетнам сулҳу субот ва рифоҳу шукуфоии рӯзафзун орзу менамоям.



3 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов, ки дар доираи сафари Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия муҳтарам Михаил Мишустин дар Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, мулоқот карданд.
2 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия муҳтарам Михаил Мишустин, ки ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, мулоқот карданд.
ФАРМОНИ
28 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
24 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе дар арафаи бедоршавии табиат чун анъанаи наку бо шинонидани ниҳолҳои нодири сояафкани ороишӣ ва ҳамешасабз ба маъракаи ниҳолшинонӣ, оғози корҳои мавсими баҳорӣ, вусъати тадбирҳои ободонию сабзазоркунӣ ва сабзу хуррамгардонии муҳити атроф ҳусни оғоз бахшиданд.
