Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Азизӣ Рустам Анварзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
26 июни соли 2023

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 26 июни соли 2023 №268
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Ғаффорзода Н.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ғаффорзода Нигорахон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Зафарободи
вилояти Суғд озод намудани Ашурзода Р.Р.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
26 июни соли 2023
№593

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Аз 1 августи соли 2023:

— пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ (минбаъд — хизматрасониҳои музднок) тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда шавад;

— аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ ба таври нақдӣ қабул намудани пардохти хизматрасониҳои музднок манъ карда шавад.

2. Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ:

— инфрасохтори заруриро барои қабули пардохтҳои ғайринақдии худ то 1 августи соли 2023 таҳия, ташкил ва таъмин намоянд;

— ҳамгироии инфрасохтори қабули пардохтҳои ғайринақдии худро ҷиҳати қабули хизматрасониҳои музднок то 1 августи соли 2023 таъмин намоянд;

— бо мақсади ҳавасмандгардонии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои анҷом додани хизматрасониҳои ғайринақдӣ, оид ба ҷорӣ намудани меъёри ягонаи пардохти ҳаққи хизматрасониҳои ғайринақдӣ ва тартиби пардохти он чораҷӯйӣ намоянд;

— якҷо бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти иттилоотии пардохтҳои ғайринақдӣ чораҷӯйӣ намоянд.

3. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатие, ки хизматрасониҳои музднокро ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд, бо тартиби муқарраршуда якҷо бо операторони шабакаи алоқаи барқӣ пайвастшавии бефосила ба шабакаи интернет ва суръати зарурии он, инчунин фаъолияти муназзам (доимӣ)-и воситаҳои электронии пардохтиро таъмин намоянд.

4. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатие, ки хизматрасониҳои музднокро ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд, корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳиро бо истифода аз тамоми воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ, мунтазам амалӣ намоянд.

5. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои адлия, молия, Бонки миллии Тоҷикистон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 31 декабри соли 2023 ҷиҳати фаъол намудани портали ягонаи пардохти хизматрасониҳои давлатӣ чораҷӯйӣ намоянд.

6. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои худро то 1 сентябри соли 2023 ба фармони мазкур мутобиқ намояд.

7. Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ ҳар семоҳа оид ба рафти иҷрои фармони мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
22 июни соли 2023
№586

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар семинар – машварати занбӯриасалпарварӣ дар ноҳияи Ховалинг

Ҳозирини муҳтарам!

Семинар – машварати имрӯзаи занбӯриасалпарварони мамлакат дар диёри зебоманзари Ховалинг дар мавсими ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла асал сурат мегирад.

Ноҳияи Ховалинг бинобар мавқеи ҷойгиршавии он яке аз мавзеъҳои муҳимми аграриву саноатии мамлакат буда, шуғли 85 фоизи аҳолии қобили меҳнати он асосан кишоварзӣ, аз ҷумла ғаллакориву картошкапарварӣ, чорводориву боғдорӣ ва занбӯриасалпарварӣ мебошад.

Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти мавҷудияти захираҳои фаровони табиӣ, мавзеъҳои таърихӣ, ёдгориҳои нодир ва табиати зебои ин диёр ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар ҳудуди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои бунёди инфрасохтори зарурӣ ва дар ин асос ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ тадбирҳои муассир андешида истодааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар семинар — машварати занбӯриасалпарварӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон иштирок ва суханронӣ намуданд

20 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар семинар — машварати занбӯриасалпарварӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Семинар-машварати занбӯриасалпарварони мамлакат дар диёри зебоманзари Ховалинг дар мавсими ҷамъоварии ҳосили зироати кишоварзӣ, аз ҷумла асал доир гардид.

Таъкид шуд, ки Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти мавҷудияти захираҳои фаровони табиӣ, мавзеъҳои таърихӣ, ёдгориҳои нодир ва табиати зебои ин диёр ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар ҳудуди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои бунёди инфрасохтори зарурӣ ва дар ин асос ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ тадбирҳои муассир андешида истодааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз намоиши асал дидан намуданд

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши асал дидан намуданд.

Дар намоиши мазкур 28 гӯша таъсис дода шуда, занбӯрпарварони ҷумҳурӣ маҳсулоти асалӣ, аз ҷумла муми занбӯри асал, гарди гул, ширеши занбӯр, шири модарзанбӯр ва навъҳои зиёди асалро муаррифӣ намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо занбӯрпарварон, олимону мутахассисони соҳа суҳбати самимӣ ороста, аз самараи меҳнат ва натиҷаи фаъолияти назарраси онҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар намоиш зиёда аз 70 тонна асал, ки аз ҷониби занбӯрпарварони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарварии “Асали Тоҷикистон”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаклу андозаҳои гуногун бастабандӣ гардидааст, пешниҳод карда шуд.