Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи мебелбарории ҶДММ «Ситораи Суғд»-ро мавриди истифода қарор доданд

8 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд корхонаи мебелбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ситораи Суғд»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи нави саноатӣ дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар ва Солҳои рушди саноат (солҳои 2022-2026) аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фурқат Дадабоев бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ бунёд ва бо технологияи муосир муҷаҳҳаз карда шудааст.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нави истеҳсолӣ 30 нафар, аз ҷумла бонувони  маҳаллӣ бо шароити хуби кор  ва маоши баланд таъмин гардиданд.

Масоҳати умумии иншооти нави саноатӣ 1,5 гектарро дар бар гирифта, биноҳои истеҳсолӣ ва анборҳои маҳсулоти хому тайёри он дар майдони 1100 метри мураббаъ қомат афрохтаанд.

Дар корхона намудҳои гуногуни мебел, аз ҷумла мизу курсӣ, роҳаткурсӣ, рахти хоб ва ҷевон бо сифати баланд истеҳсол карда мешаванд.

Дастгоҳу таҷҳизоти васлгардида дар корхонаи мазкур аз давлатҳои Чин ва Туркия ворид гардида, онро мутахассисони маҳаллӣ идора мекунанд.

Ашёи хом барои истеҳсоли мебел, аз ҷумла ДСП, МДФ, ЛДСП ва ФАРНИТУРА аз Федератсияи Русия ва Туркия дастрас гардида, дар асоси фармоиш ва завқу салиқаи мизоҷон бо шаклу андоза ва дизайни муосир маҳсулоти босифати ватании ивазкунандаи воридот омода карда мешавад.

Корхона имкон дорад, ки бо истифода аз муосиртарин дастгоҳҳо дар раванди истеҳсоли мебел дар як моҳ 1000 метри мураббаъ ЛДСП ва МДФ-ро коркард намояд.

Истеҳсолоти корхона дар марҳилаи аввал ба таъмини бозори дохилӣ равона гардида, масъулон дар асоси дастуру маслиҳатҳои Сарвари давлат иқдом гирифтаанд, ки бо боло бардоштани иқтидори истеҳсолӣ содироти маҳсулоти ватаниро ба кишварҳои ҳамсоя ҳам ба роҳ монанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли мехҳои печони ҶДММ «Нуртез»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

8 феврал сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аз шаҳри Бӯстон оғоз гардид.

Дар ин шаҳри саноатӣ нахуст бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли мехҳои печони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нуртез” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Корхонаи мазкур дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ - бародарон Акрамовҳо бо харҷи 15,3 миллион сомонӣ сохта шуда, дар ин ҷо зиёда аз 40 намуд мехи печон бо шаклу андозаҳои гуногун, ки имрӯзҳо дар бозори дохилӣ талабот ба он бештар аст, истеҳсол карда мешавад.

Истеҳсоли мехҳои печон тариқи муосиртарин хатҳои технологӣ, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва васлу насб карда шудааст, сурат мегирад.

Дар корхона давоми як моҳ 300 тонна ва дар як сол 3600 тонна мехи печон истеҳсол карда мешавад, ки ба таъкиди мутахассисон аз лиҳози сифат ва намуд ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ буда, дар бозор рақобатпазир аст.

Тибқи маълумоти масъулони Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар ҷумҳурӣ талабот ба мехи печон дар як сол 8 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Корхонае, ки имрӯз ба истифода дода шуд, метавонад пурра талаботи вилояти Суғдро бо мехи печон таъмин намояд.

Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот таъкид гардид, ки дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нуртез” 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин шуд ва дар оянда бо ворид намудани хатҳои нави технологӣ боз 50 нафари дигар соҳиби шуғли доимӣ мегарданд. Яъне шумораи коргарон дар ин корхонаи саноатии шаҳри Бӯстон ба 100 нафар расонида мешавад.

Барои истеҳсоли мехҳои печон ашёи хом асосан аз Федератсияи Русия ворид кард мешавад.

Мехҳои печони корхона аслан барои насби шифер, гачкартон, сохтани мебел ва дар маҷмуъ ҷиҳати анҷоми корҳои сохтмонӣ пешбинӣ шуда, муҳлати истифодаашон тӯлонӣ аст ва дар ҳамин замина аз ҷониби истеҳсолкунандагон ба сифати маҳсулот пурра кафолат дода мешавад.

Дар вақти истеҳсоли маҳсулот ҳаҷми ками партов ба вуҷуд меояд, ки он ҳам дар корхонаҳои оҳангудозӣ дубора мавриди коркард қарор мегирад.

Дар Тоҷикистон ин дуюмин корхона мебошад, ки истеҳсоли мехҳои печонро мутобиқ ба меъёру стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ мондааст. Соли 2019 корхонаи якумро ҳам соҳибкорони шаҳри Бӯстон ба кор дароварда буданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад.

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд

8 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷашни Садаи ниёгон, таъсиси боғу токзори нав, ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои маъмурӣ, иҷтимоӣ, корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, марказҳои фарҳангию фароғатӣ ва сӯҳбату мулоқот бо сокинони касбу кори гуногун ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулон истиқбол гирифтанд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободонию созандагӣ бо суръат идома дошта, ҷашни аҷдодии Сада бо омодагии комили аҳли ҷомеа, рӯҳияи ифтихору фараҳмандӣ ва иҷрои ҳамаи оину суннатҳояш ҷашн гирифта мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот намуданд

5 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин дар ҳошияи маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мулоқот карданд.

Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Роҳбари кишвари мизбон барои пазироии самимӣ ва даъват ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ изҳори сипос карданд.

Сарвари давлат Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба ифтихори баргузории чорабинии бошукуҳи варзишӣ, ҳамчунин фарорасии иди Баҳор ва Соли нави анъанавии мардуми Чин шодбош гуфтанд.

Бо ёдоварӣ аз таърихи 30-солаи муносибатҳои дипломатии кишварҳо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз робитаҳои ҳасанаи ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва боварию эътимоди мутақобилаи шарикии стратегӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар мулоқот масоили рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, бахусус саноат муҳокима гардид.

Барои воридоти технологияи нав ва дар ҳудуди Тоҷикистон таъсис додани заминаҳои истеҳсоли “технологияи сабз”, бахусус мошинҳои электрикӣ, панелҳои офтобӣ, сохтмон ва бо технологияи пешрафта муҷаҳҳаз кардани иншоотҳои энергетикии Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми содирот, пеш аз ҳама маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Чин, рушди минбаъдаи робитаҳо дар бахши нақлиёт ва логистикаро баррасӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки мулоқоти гуруҳи кории Тоҷикистону Чин оид ба ҷалби сармоя, робитаҳо дар чаҳорчуби Иқдоми “Як камарбанд — як роҳ” ва таҳияи лоиҳаҳои нави саноатӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ ва кишоварзӣ метавонанд аз омилҳои муҳими пешбарандаи муносибатҳои судманди ду кишвар бошанд.

Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ, маориф, тандурустӣ аз самтҳои дигару муҳими муносибатҳои шарикии ду кишвар маънидод гардид.

Ба ҷониби Чин барои расонидани кумаки моддӣ дар шакли вояҳои зидди короновирус дар давраи пандемия изҳори сипос карда шуд.

Зимни баррасии мавзуи амниятӣ ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои киберӣ, инчунин вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвари ҳамсояи Афғонистон, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Ҷонибҳо ба ҳамгироӣ дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои байналмилалию митақавӣ аҳамияти махсус доданд.

Дар охири мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Оғози сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин

3 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Пекин меҳмони олиқадр-Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндаи воломақоми Ҳукумати Чин самимона истиқбол гирифт.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

30 ноябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори маҷлис нахуст оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021” ҳисоботи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки барои тақвият бахшидан ба рушди соҳаи кишоварзӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва ҷалби бештари сармоя ба комплекси агросаноатии ҷумҳурӣ бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Ҳукумати кишвар як қатор имтиёзҳои тарифию андозӣ пешниҳод гардид. Дар асоси кодексҳои андоз, гумрук ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021” барои соҳаи кишоварзӣ 14 имтиёзи фискалӣ пешбинӣ шудааст, ки ин зиёда аз 13 фоизи шумораи умумии имтиёзҳои давлатиро дар бар мегирад.

ПАЁМИ шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия

5 ноябри соли 2021

Ҳамватанони азиз!

Қабули Конститутсияи Тоҷикистон, ки дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол мебошад.