17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Хоруғи Боло бинои дуюми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-ро ифтитоҳ намуданд.
Ин иншоот туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони шаҳри Хоруғ дар арафаи соли нави хониш мебошад.
Тибқи лоиҳа, муассисаи таълимӣ аз се бино иборат буда, барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Бинои якуми мактаб 21 августи соли 2020 аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта буд.



17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои истиқоматии 12-ошёнаро дар хиёбони марказии ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мавриди истифода қарор доданд.
17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ коргоҳи истеҳсоли мебелро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо намоиши маҳсулоти ин корхона шинос шуданд.
17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сандал” оғоз бахшиданд.
17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Беморхона-дармонгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имконияти хизматрасонии он шинос гардиданд.
17 август дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суман”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо рафти истеҳсолот шинос гардиданд.
Нимаи дуюми рӯзи 16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари бобарори корӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маркази маъмурии вилоят — шаҳри Хоруғ ташриф оварданд.
