Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Соҳир Шамшодро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Соҳир Шамшодро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Покистон, аз ҷумла дар самти амният ва мудофиа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре таъкид гардид, Тоҷикистон ва Покистон дар арсаи сиёсӣ ва соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, аз ҷумла энергетика, нақлиёту коммуникатсия, ҳамчунин фарҳангиву гуманитарӣ ва амниятӣ ҳамкориҳои қобили таваҷҷуҳро ба роҳ мондаанд.

Ҳамдардии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонаводаи бар асари боришоти зиёд ва офати табиӣ ҳалокшуда

Дирӯз бар асари боришоти зиёд дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ офати табиӣ ба амал омад, ки дар натиҷаи он 13 нафар, аз ҷумла 11 нафар дар шаҳри Ваҳдат ва 2 нафар дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳалокат расиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва наздикони шахсони ҳалокшуда изҳори ҳамдардӣ намуданд.

Роҳбари давлат, ҳамчунин, ба Сарвазири мамлакат, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор супориш доданд, ки ба оилаҳои шахсони дар натиҷаи офати табиӣ ҳалокшуда кумак расонида, барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ чораҳои фаврӣ андешанд.

Cафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба анҷом расид

Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 25-26 август дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон идома дошт, ба анҷом расид.

Ёдовар мешавем, ки зимни ин сафар мулоқоти сатҳи олии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев доир гардида, Сарони давлатҳо дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва Намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии тоҷикӣ иштирок намуданд.

Баъди анҷоми сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Остона ба Ватан баргаштанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Остона бо фаъолияти Маркази Ҳукумати рақамии Ҷумҳурии Қазоқистон шинос шуданд

26 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев аз Маркази Ҳукумати рақамии Ҷумҳурии Қазоқистон боздид ба амал оварданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Маркази мазкур ба ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди рақамии кишвар, дар бахшҳои инноватсия, коммуникатсия, хизматрасониҳои давлатӣ, саноати электронӣ, инчунин ба рушди ҳукумати электронӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти Корпоратсияи давлатии “Ҳукумат барои шаҳрвандон” ва масъалаҳои амнияти иттилоотӣ машғул аст.

Зимни муаррифии самтҳои фаъолият ва имкониятҳои Марказ аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ҷорӣ кардани хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ дастрасии аҳолиро ба хизматрасонӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ осон карда, ҳамзамон шумораи ҳуҷҷатҳоро коҳиш дода, муҳлати гирифтани онро низ кутоҳ мекунад. Марказ барои ҳалли ин масъалаҳо дар Қазоқистон “Ҳукумати электронӣ” таъсис дода шуд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Қазоқистон боздид намуданд

26 август дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев аз Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва Намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаву мувофиқаҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва  Қазоқистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаев баргузор мегиранд.

Мавриди ба таъкид, ки Намоишгоҳ-ярмаркаи молу маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳрҳои калони ин кишвар — Остона, Алмаато ва Шимкент аз 26 то 28 август баргузор мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Масҷиди марказии шаҳри Остона боздид ба амал оварданд

26 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба  Ҷумҳурии Қазоқистон бо Президенти ин кишвар муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев аз Масҷиди марказии шаҳри Остона боздид ба амал оварданд.  

Иттилоъ дода шуд, ки 18 марти соли 2019 ба бунёди масҷиди марказӣ оғоз бахшида шуда, он 12 августи соли 2022 мавриди истифода қарор гирифт.

Масҷиди марказии Остона дар масоҳати 10 гектар замин бунёд гардида, масоҳати умумии биноҳо 68 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуданд

25 август дар толори Театри давлатии опера ва балети «Остона Опера» бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

Қабл аз оғози барномаи фарҳангӣ Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар даромадгоҳи Театри давлатии опера ва балети “Остона Опера” аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.

Дар намоишгоҳ маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик, шумораи зиёди мусаввараҳои бадеӣ ва аксҳо, намунаи либосҳои миллӣ пешкаши меҳмонони олимақом гардонида шуд.