Ба муносибати 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои шодбошӣ ворид мегарданд.
Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Русия Владимир Владимирович Путин омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Табрикоти самимии маро ба муносибати ҷашни миллӣ – Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред.



Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рутбаи олии ҳарбии «генерал-майор» ва рутбаи дараҷавии «Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3» қадрдонӣ намуданд.
8 сентябр дар майдони «Истиқлол»-и пойтахти мамлакат бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон паради ҳарбӣ баргузор шуд.
Ҳамватанони азиз!
Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
6 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Михаэл Ҳармсро ба ҳузур пазируфтанд.
