9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар камераи васлгарии обқабулкунаки доимӣ шинос шуданд.
Камераи васлгарии обқабулкунаки доимӣ дар баландии 1172 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Иншоот бо дарозии 156,35, паҳноии 18,4 ва баландии 21,2 метр барои корҳои нақбканӣ, васлу насби оҳанфузулот ва мустаҳкамкунии шахтаҳои обрасони агрегатҳои №1,2,3,4,5 ва 6 пешбинӣ шудааст.
Зимни шиносоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон дар камераи васлгарии обқабулкунаки доимӣ мутахассисони маҳаллӣ бо азму иродаи устувор ва ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ иҷрои корҳои нақбканиро дар ҳаҷми 55 225 метри мукааб ба анҷом расонидаанд.