25 август дар шаҳри Остона мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардиданд.
Баррасии масоили муносибати дӯстӣ ва шарикии ду мамлакат дар вохӯрии хосаи сарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев оғоз гардида, дар сиғаи васеъ, бо иштироки ҳайатҳои ду давлат идома ёфт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ҷониби Қазоқистон барои истиқболи самимӣ, таваҷҷуҳ ва дастгирӣ ҷиҳати баргузор кардани Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон ва Намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти кишоварзию саноатии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Остона, Алмаато ва Шимкент, изҳори сипос намуданд.