Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз меҳмонхонаи замонавии «Дарвоз Континентал»-ро ифтитоҳ намуданд

15 август дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи замонавии «Дарвоз Континентал»-ро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти нави хизматрасонӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ бунёд гардидааст.

Меҳмонхонаи замонавии чорситорадор аз 4-ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 17 ҳуҷра, аз ҷумла 1 ҳуҷраи президентӣ мебошад.

Масоҳати умумии иншоот 1200 метри мураббаъро ташкил дода, дар он дигар инфрасохтори зарурӣ, аз қабили маркази савдо ва хизматрасонӣ, ошхона, дорухона ва толори варзишию солимгардонӣ барои мизоҷон фароҳам оварда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз бинои Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқатро ифтитоҳ намуданд

15 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Дарвоз бинои хуштарҳу замонавии Гимназияи рақами 1 барои хонандагони болаёқатро ифтитоҳ намуданд.

Бинои муҳташами таълимӣ 3-ошёна буда, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст барои беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим ва донишомӯзии хонандагон сохта шудааст.

Иншоот дар масоҳати 2 ҳазору 160 метри мураббаъ бунёд ёфта, барои 840 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст.

Дар гимназия беш аз 50 нафар омӯзгори соҳибтахассус фаъолият менамояд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз «Майдони ромишгарон»-ро ифтитоҳ намуданд

15 август дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Майдони ромишгарон»-ро бо муҷассамаҳои арбобони санъат ифтитоҳ намуданд.

Ба хотири гиромидошти хотираи неки шахсони барӯманди соҳаи фарҳанг ва санъати тоҷик дар даромадгоҳи асосии ноҳияи Дарвоз бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайкараҳои ҳунарманди халқии Тоҷикистон, арбоби санъати тоҷик Акашариф Ҷураев, ромишгари классики тоҷику форс Борбади Марвазӣ ва ҳунарманди халқии Тоҷикистон  Абдулло Назрӣ қомат афрохтаанд.

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ВМКБ ва боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи «Қалъаи Хумб — Ванҷ, сарҳади ноҳияи Рӯшон» дар ноҳияи Дарвоз

15 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.

Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Бадахшон аз ноҳияи Дарвоз оғоз ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз нахуст бо ҷараёни корҳои таҷдиду навсозии қитъаи роҳи “Қалъаи Хумб-Ванҷ, сарҳади ноҳияи Рӯшон” дар доираи Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Қулма шинос шуданд.

Ин қитъаи роҳ 109 километрро дар бар гирифта, ҳудуди ноҳияи Дарвоз ва Ванҷро убур мекунад. Он аз байни қаторкӯҳҳои Дарвоз гузашта, дар миқёси ҷумҳурӣ роҳи душворгузар маҳсуб мешавад ва солҳои тӯлонӣ таъмири асосиро надидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии парлумонӣ дар Вазорати ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон Нилс Анненро ба ҳузур пазируфтанд

14 августи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии парлумонӣ дар Вазорати ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон Нилс Анненро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмонро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар зимн Пешвои миллат таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ва Олмон дар бахшҳои мухталифи тиҷоратию иқтисодӣ ва иҷтимоиву гуманитарӣ  имконияти васеи рушди робитаҳои судманд доранд.

Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 тасдиқ гардид

Таъмини муносиби ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2023, №357 тасдиқ гардид, иқдоми навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад.

Ҳуҷҷати мазкур аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ бо назардошти стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, тавсияҳои ниҳодҳои соҳавии СММ, инчунин Ҳадафҳои рушди устувор таҳия ва қабул гардидааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону мутахассисони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва фаъолони шаҳри Роғун мулоқот намуданд

10 август дар шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо ҷараёни корҳои барқарорсозӣ дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо роҳбарону мутахассисони неругоҳ ва фаъолони шаҳр мулоқот  намуданд.

Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи коргарони неругоҳ ва намояндагони ширкатҳои хориҷӣ барои заҳматҳои шабонарӯзиашон ба хотири пешрафти имрӯзу фардои Тоҷикистон ва расидан ба истиқлолияти энергетикии мамлакат  сипосу миннатдорӣ баён намуданд.

Таъкид гардид, ки аз оғози фаъолияти ду агрегати неругоҳ то имрӯз аллакай зиёда аз 6,4 миллиард киловатт-соат неруи барқ ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ истеҳсол ва ба низоми ягонаи энергетикии мамлакат интиқол дода шудааст.