Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарвари давлати мо Президенти Русия Владимир Путинро ба муносибати зодрӯзаш аз сидқи дил табрик намуда, таманниёти беҳтарини худро иброз доштанд.

Пешвои миллат дар баробари таъкиди саҳми арзишманди Владимир Путин дар ростои тақвияти мавқеи Федератсияи Русия дар арсаи байналмилалӣ, аз нақши созандаи ӯ дар густаришу таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ду давлат ёдовар шуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонии дӯстона анҷом доданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонии дӯстона анҷом доданд.

Дар ҷараёни суҳбат Нурсултон Назарбоев Сарвари давлати моро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрику таҳният гуфта, таманниёти беҳтарини худро иброз намуданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо анъанаҳои пурифтихору таърихии муносибатҳои нек ва дӯстии мардумони ду давлатро мавриди таъкид қарор дода, аз раванди рушду тавсеаи минбаъдаи онҳо ҷонибдорӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Президенти Узбекистон Пешвои миллатро ба муносибати рӯзи таваллудашон самимона ва гарм табрик гуфта, ба ӯ сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои беназир орзу намуданд.

Дар идомаи суҳбат ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистон ва Узбекистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор шуд

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.

Президенти Русия Владимир Путин дар оғози суҳбат Сарвари давлати моро бо зодрӯзашон самимона табрик гуфта, таманниёти беҳтарини худро изҳор намуданд.

Сарони давлатҳо дар зимн оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои байнидавлатии ду давлат дар доираи шарикии стратегӣ изҳори назар намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Беларус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфта, тамманиёти неки худро иброз намуд.

Дар баробари изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи кунунии муносибатҳои байнидавлатӣ Сарони давлатҳо аз идомаи муколамаи байнидавлатии Тоҷикистон ва Беларус барои пешбурди минбаъдаи тамоми маҷмуи робитаҳои ду давлат дар доираи шарикии стратегӣ ҷонибдорӣ намуданд.

Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид.

Раиси Палатаи болоии парламенти Русия Пешвои миллатро бо изҳори таманниёти нек бо зодрӯзашон сидқан табрик намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат оид ба масъалаҳои алоҳидаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ, ки дар раванди густариши муносибатҳои ду давлат дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ саҳми босазо доранд, табодули назар анҷом гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Президенти Қазоқистон дар оғози суҳбат Президенти Тоҷикистонро бо ҷашни зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба Сарвари давлати мо саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои навин орзу намуданд.

Сарони давлатҳо зимни изҳори назар оид ба раванди рушди афзояндаи ҳамкории ҷории Тоҷикистон ва Қазоқистон, масъалаҳои алоҳидаи муносибату ҳамкориҳои ду давлатро дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ ба баррасӣ гирифтанд.

Ду ҷониб дар робита ба идомаи саъю талошҳо ҷиҳати пешбурди босамари равобити ду давлат изҳори омодагӣ намуданд.