Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилиро ифтитоҳ намуданд

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои навбунёди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дорои 24 ҳуҷраи корӣ ва иншооти ёрирасон мебошад. Дар ошёнаи якум китобхонаи кушоду барҳаво бо асарҳои Пешвои миллат, шоирону нависандагони классик ва муосири халқи тоҷик, адабиёти соҳавӣ ва 10 ҳазор нусхаи китобҳои электронӣ, қисми навбатдорӣ, анбори нигоҳдории либос ва маводи хӯрока мавҷуд мебошад.

Кормандони шуъба метавонанд дар вақтҳои барояшон мусоид озодона вориди китобхона гашта, адабиёти лозимаи хешро дастрас ва мутолиа намоянд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи рӯҳӣ ва наркологии минтақаи Кӯлобро мавриди истифода қарор доданд

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи рӯҳӣ ва наркологии минтақаи Кӯлобро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти соҳаи тандурустӣ аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳати замини он 5 ҳазору 658 метри мураббаъро дар бар мегирад. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фариддун» ба иҷро расонида шудаанд.

Аз рӯи лоиҳа дар бинои мазкур ҳам бемориҳои наркологӣ ва ҳам бемориҳои рӯҳиву равонӣ табобат карда мешаванд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-ро ба истифода супориданд

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳри Кӯлоб бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-ро ба истифода супориданд.

Бинои нави таълимӣ аз 2 ошёна иборат буда, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шудааст.

Иншооти иловагии таълимӣ барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дорои 10 синфхона, аз ҷумла физика, биология, химия, технологияи иттилоотӣ, ҳуҷраи омӯзгорон, синфхонаи томактабӣ ва дигар иншооти ёрирасон буда, бо дастгоҳу аёнияти таълимӣ маҷаҳҳаз мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ба гузаштагон оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, бо қироати оятҳо аз Қуръони Маҷид баҳри пойдории суботу оромии Тоҷикистони соҳибистиқлол, осудагии мардуми мамлакат ва пешрафту шукуфоии Ватан дуову фотиҳаи нек намуданд.

Мақбара ва ҳудуди оромгоҳи ин шахсияти таърихии миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ пурра таҷдиду навсозӣ гардида, ба макони ободу зебо табдил дода шуд, ки ҳамарӯза садҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ барои зиёрат ва боздид ба ин макон меоянд.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шахсияти шинохтаи олами илму маърифат буда, маҳз эътирофи мартабаи бародарию баробарии одамон, эҳсону мурувват, нақши илму маориф ва маърифати аҳолӣ, тарғиби сулҳу оромӣ, фарҳанги сулҳ ва таҳаммулгароӣ ӯро машҳури ҷаҳон намуд ва имрӯз дар кишварҳои гуногуни олам пайравону эътиқодмандони зиёд дорад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-ро мавриди истифода қарор доданд

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-ро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави таълимӣ дар деҳаи Сангпари деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб аз ду ошёна иборат буда, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ- 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ сохта шудааст.

Масоҳати умумии замини мактаб 1,75 гектарро ташкил дода, худи бинои таълимӣ дар масоҳати 748 метри мураббаъ бунёд ёфта, барои ба таҳсил фаро гирифтани 640 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншоот 40 мутахассис ба ҳайси омӯзгор бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф оварданд

Нимаи дуюми рӯзи 19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи якчанд иншоот ва мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб меҳмони олиқадр — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинону фаъолони шаҳр бо эҳтироми гарму самимӣ ва шукуҳу шаҳомати хос истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии боғпарварии «Боғи Нодир» шинос гардиданд

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон аз Хоҷагии деҳқонии боғпарварии “Боғи Нодир” боздид ба амал оварданд.

Дар Хоҷагии деҳқонии боғпарварии “Боғи Нодир” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маданияти истифодаи замин, аз ҷумла нашъунамои шолӣ дар кишти такрорӣ, ҷамъоварии ҳосили пахта, фаъолияти гармхона ва сардхона бо ғунҷоиши 1000 тонна шинос шуда, намоиши маҳсулоти кишоварзиро тамошо намуданд.

Дар хоҷагӣ, ки дорои 160 гектар буда, 80 саҳмдор дорад, дарахтони гуногуни мевадиҳанда парвариш ёфта, сабзавоту зироати гуногун кишт  мешавад.