20 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Селбури деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев бинои сардхона ва ду коргоҳи истеҳсолиро ба истифода доданд.
Коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, нонӣ, мевахушккунӣ, бандубаст ва анбор барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ аз тарафи сокини ватанпарвари ноҳияи Восеъ, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мир Осор» Нуриддин Қаҳҳоров дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони нав сохта шудаанд.
Дар коргоҳҳои истеҳсолӣ ва сардхона 35 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.



20 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Охҷари ноҳияи Восеъ Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Миралӣ Маҳмадалиевро ифтитоҳ намуданд.
20 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон роҳи автомобилгарди қитъаи Ҳулбук — Темурмалик — Кангуртро расман ифтитоҳ намуданд.
20 октябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Охҷари деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-ро ба истифода доданд.
20 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Муассисаи томактабии «Офтобак»-ро ба истифода доданд.
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Ҳулбук бинои Маркази ҷавононро, ки бо тарҳи муосир сохта шудааст, ба истифода доданд.
20 октябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ҳулбук зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ Восеъро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
