Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди дорои аҳаммияти маҳаллии Муъминобод-Ғеш-Чилдухтаронро ба истифода доданд

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти маҳаллии Муъминобод-Ғеш-Чилдухтаронро мавриди истифода қарор доданд.

Роҳи мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Заркорон» дар муддати кӯтоҳ ва мувофиқ ба меъёрҳои сохтмонии муосир бунёд гардидааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки масофаи роҳи сохташуда 12 километрро ташкил дода, корҳои сохтмонӣ бо харҷи 10 миллиону 400 ҳазор сомонӣ анҷом дода шудаанд. Роҳи мазкур ба категорияи 4-уми роҳдорӣ шомил мебошад. Дар таъмиру таҷдиди роҳ асосан мутахассисон ва коргарони маҳаллӣ ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин буданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод ба фаъолияти корхонаи парандапарварии ҶДММ “Заркорон” оғози расмӣ бахшиданд

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Заркорон” ҳамчунин ба фаъолияти корхонаи парандапарварӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Корхона дар масоҳати 600 метри мураббаъ бунёд шуда, дар он мурғи навъи бройлер парвариш мешавад. Ҳоло дар ин сех 4500 сар мурғ парвариш ёфта, раванди нигоҳубини чӯҷаҳо тариқи автоматӣ ба роҳ монда шудааст. Мурғи гӯштӣ то 45 рӯз парвариш ва баъдан забҳ мешавад. Вазни меъёрии мурғи бройлер то 2,2 килограмм буда, ҳамчун гӯшти парҳезӣ ба бозорҳои дохилӣ содирот мегардад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол мувофиқи дурнамо, зиёда аз 100 тоннаро ташкил дода, дар марҳилаҳои баъдӣ ҳаҷми истеҳсолот зиёд хоҳад шуд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҶДММ “Заркорон”-и ноҳияи Муъминобод бо нашъунамои боғҳои олуи сиёҳи содиротӣ, писта ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ шинос шуданд

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Муъминобод дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти ба номи Нуралишоҳ Назаров ба Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Заркорон” ташриф оварда, бо нашъунамои боғоти пиставу олуи сиёҳи содиротӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва намунаи чорвои хушзоту парандаҳои нодир шинос шуданд. Маҷмааи агросаноатӣ дар масоҳати 20 гектар соли 2021 бунёд ёфтааст.

Ба Сарвари давлат иттиллоъ дода шуд, ки аз маҷмуи заминҳои дар ихтиёрдоштаи ҷамъият 5 гектараш боғи писта, 4 гектар олуи сиёҳ, 5 гектар боғи интенсивӣ ва боқимондаро боғоти гелосу зардолу ташкил медиҳад. Ташкили боғот дар ин мавзеъ бо назардошти талаботи замон бунёд шуда, дар ин ҷо ниҳоли меваҷоте парвариш меёбанд, ки ҳамагӣ содиротӣ мебошанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббии хусусӣ»-ро ифтитоҳ намуданд

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Муъминобод Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббии хусусӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Муассиса аз ҷониби соҳибкор Давлаткарим Сафаров дар муҳлати кӯтоҳ сохта, ба истифода дода шуд. Иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббии хусусӣ” дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи нақшаҳои созандагӣ ба хотири таҷлили шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии мамлакат бунёд шуда, барои 500 донишҷӯ дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Дар муассисаи нави таълимии касбӣ, ки ҷиҳати баровардани эҳтиёҷи ноҳияи Муъминобод ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо кадрҳои миёнаи тиббӣ муҳим мебошад, 2 факултет аз рӯи ихтисоси кори ҳамширагӣ ва момодоягӣ фаъол шуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод бинои Маркази ҷавононро мавриди истифода қарор доданд

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Муъминободи ноҳияи Муъминобод бинои хуштарҳу замонавии Маркази ҷавононро мавриди истифода қарор доданд.

Ин иншоот дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат бунёд гардида, бо истифода аз масолеҳи хушсифати ватанӣ ва ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ дар муҳлати муайянгардида мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Иншоот аз ду ошёна иборат буда, фармоишгар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муҳайё” мебошад. Масоҳати умумии майдони иншоот 2700 метри мураббаъро ташкил дода, бино бо назардошти иншооти ёрирасон дар масоҳати 250 метри мураббаъ доман густурдааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод Корхонаи истеҳсоли картошкаи хушк (чипс) ва маҳсулоти шириро ифтитоҳ намуданд

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳринави поёни деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод Корхонаи истеҳсоли картошкаи хушк (чипс) ва маҳсулоти шириро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ шинос шуданд.

Корхонаи истеҳсоли картошкаи хушк дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2021-2025, “Солҳои рушди саноат” ва ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои саноатикунонии босуръати мамлакат аз тарафи ҶДММ “Заркорон”бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Иқтидори истеҳсолии корхонаи нави саноатӣ дар ноҳияи Муъминобод коркарди 20 тонна картошка дар як шабонарӯз ва истеҳсоли 8 тонна картошкаи бирён (чипс) мебошад. Арзиши лоиҳавии корхонаи нав 1 миллион сомонӣ буда, хати технологӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Зартеппаи деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод ба фаъолияти сардхона оғоз бахшиданд

Дар идомаи боздиди корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Зартеппаи деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод ба фаъолияти сардхона оғоз бахшиданд.

Сардхонаи замонавӣ бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирӣ ва маблағгузории ҶДММ «Заркорон» мавриди истифода қарор дода шуд. Мақсад аз фаъол сохтани сардхона- нигоҳдории маҳсулоти истеҳсолшуда дар хоҷагиҳои ҷамъият ва аҳолӣ буда, он дар  муддати кӯтоҳ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки сардхона дар масоҳати 0,80 гектар бо ғунҷоиши 1000 тонна меваю сабзавот пешбинӣ шудааст. Бо бунёди ин иншоот 15 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин шуданд.