Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бо лоиҳаи сохтмони бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ шинос шуданд

25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ дар гурўҳи ноҳияҳои Ваҳдат дар саҳни ҳавлӣ бо лоиҳаи сохтмони бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ва лоиҳаи сохтмони шуъбачаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурўҳи ноҳияҳои Рашт шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат дар шафати шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар масоҳати 1041 метри мураббаъ сохта шуда, майдони зери сохтмони бинои шуъба 805 метри мураббаъро ташкил хоҳад дод.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилиро дар гурӯҳи ноҳияҳои Ваҳдат ифтитоҳ намуданд

25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои нави шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои Ваҳдатро  мавриди истифода қарор доданд.

Бинои шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои Ваҳдат дар масоҳати 2280 метри мураббаъ сохта шуда, масоҳати зери сохтмони бино1819 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Бинои шуъба аз таҳхона ва 2 ошёна иборат буда, 25 ҳуҷраи корӣ, толори маҷлис бо 30 ҷойи нишаст, ошхона барои 30 нафар, бойгонӣ, қабулгоҳ, анбори маҳсулоти хӯрока ва нуқтаи гармидиҳӣ дорад, ки бо тарҳи зебо сохта шудааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 95-ро ифтитоҳ намуданд

25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 95 ба номи Исматулло Ҳикматуллоевро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти нави таълимӣ аз се ошёна иборат буда, дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми соҳибкори ватандӯст Рустам Ҳикматуллоев аз рӯи лоиҳаи муосир бунёд ёфтааст ва барои 960 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот бо ҷалби 200 мутахассиси маҳаллӣ дар муҳлати муайянгардида бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бо ҷараёни кишти тирамоҳӣ ва самараи меҳнати кишоварзон шинос шуданд

25 октябри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бо ҷараёни кишти тирамоҳӣ ва самараи меҳнати кишоварзон шинос шуданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни кишти тирамоҳӣ ва нашъунамои сабзавот дар Хоҷагиҳои деҳқонии “Лола”, “Манзура” ва “Қодир”-и деҳоти Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат шинос шуданд.

Хоҷагидорони деҳоти Абдулло Абдулвосиев кишти тирамоҳии пиёз ва ғалла гузаронида, заминро барои анҷом додани кишти картошкаи барвақтӣ омода намудаанд.

Дар ҳудуди деҳоти Абдулло Абдулвосиев 2 225 гектар замини корам мавҷуд мебошад, ки аз ин 1 888 гектараш обӣ аст. Истеҳсоли меваву ангур, ғалладонагиҳо, сабзавот, картошка, полезӣ ва пахта самти асосии фаъолияти сокинони деҳотро ташкил медиҳад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави иловагии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию созандагӣ, вусъати кишти тирамоҳӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд. Дар маркази шаҳр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои нави иловагии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави таълимии  «Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат» ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир бунёд шуда, аз таҳхона ва 4 ошёна иборат мебошад.

Аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар бинои хуштарҳу замонавии таълимӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, бинобар муҳайё гардидани имконияти васеи илму касбомӯзӣ масъулонро ба омода намудани мутахассисони дорои маълумоти миёнаи касбӣ дар соҳаи тиб роҳнамоӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори якчанд давлати хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд

23 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори якчанд давлати хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд.

Зимни маросим ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Туркманистон Аймурад Кочмурадов, Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Ҳақиқиён, Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Саид Сарвар, Ҷумҳурии Федеративии Олмон Йорк Шуграф, Ҷумҳурии Фаронса хонум Элза Пинёл, Конфедератсияи Швейтсария Салман Бал, Муғулистон Доржийн Баярхуу, Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам хонум Фам Тхай Нии Май, Ҷумҳурии Филиппин хонум Мария Агнес Магласанг Сервантес ва Ҷумҳурии Мардумии Демократии Корея Син Хон Чхол эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти давлатҳои хеш тақдим намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати таъйин гардиданашон ба ин маснади сермасъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки фаъолияти самараноки онҳо омили муассири рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунсоҳа байни давлатҳо хоҳад гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод парваришгоҳи ҳайвоноти нодирро ифтитоҳ намуданд

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар ноҳияи Муъминобод парваришгоҳи ҳайвоноти нодирро ба истифода дода, бо намоиши маҳсулоти хоҷагии ҷангали ноҳия шинос шуданд.

Масоҳати умумии парваришгоҳ 363 гектар буда, ин мавзеи ноҳияи Муъминобод барои парвариши ҳайвоноти нодир дорои иқлими мусоид мебошад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ҷангалҳои ноҳия ҳайвоноти ваҳшӣ, аз қабили хирс, рубоҳ, гург, қашқалдоқ, силовсин ва парандаҳои мухталиф, аз ҷумла лочин, боз ва уқоб мавҷуд аст.