Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма!

Қабл аз ҳама, бори дигар Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷаноби Олӣ, Сайид Иброҳим Раисиро ба Тоҷикистон хайрамақдам мегӯям.

Дар доираи барномаи сафар, зимни мулоқоту гуфтушунидҳо дар фазои ҳусни тафоҳум, мо масъалаҳои мубрами муносибат ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Эронро мавриди баррасӣ қарор додем.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки муштаракоти зиёди таърихиву фарҳангии ду кишвари бародар минбаъд низ барои таҳкими фазои ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ заминаи мусоид мебошанд.

Дар Душанбе маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баргузор шуд

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Иброҳим Раисӣ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Нахуст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Иброҳим Раисӣ Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эронро имзо намуданд.

Сипас, дар ҳузури Сарони давлатҳо Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ;

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон

8 ноябр дар Қасри миллат дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон музокироти сатҳи олии ду давлат баргузор гардид.

Дидору гуфтугӯҳо аз мулоқоти хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ оғоз гардида, бо иштироки ҳайатҳои расмии ҷонибҳо идома ёфтанд.

Дар доираи барномаи сафар зимни мулоқоту гуфтушунидҳо, ки дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардиданд, доираи васеи масъалаҳои мубрами муносибат ва ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ оғоз шуд

8 ноябр Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмон идона оро ёфта буд, баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эронро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Корхонаи истеҳсоли сементи ҶСП «Тоҷиксемент»-ро ифтитоҳ намуданд

7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Тоҷиксемент”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхона дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар майдони 35 гектар ҷойгир буда, дар он иншооти истеҳсолӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла бинои маъмурӣ, маркази идоракунӣ ва ташхисгоҳ, анборҳо, ошхона ва ду истгоҳи таъмири техникӣ сохта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 17 сентябри соли 2019 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди боз як корхонаи азими саноатӣ санги асос гузошта буданд.

Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Ҳанӯз бисту нуҳ сол муқаддам аз ҷониби мардуми шарафманди кишвар бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ ва тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлати навини тоҷикон қабул гардид.

Ин дастоварди воқеан таърихӣ барои эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, таъмин гардидани суботи конститутсионӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ заминаи мустаҳкам гузошт.

Гузашта аз ин, қабули Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон марҳалаи нави таърихиро оғоз бахшида, боиси дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи мо гардид.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои дарахтони сояафкану ороишӣ дар Боғи миллӣ шинос шуданд

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо нашъунамои дарахтони сояафкану ороишӣ дар Боғи миллӣ шинос шуданд.

Ҳадафи боздиди Сарвари давлат аз Боғи миллӣ шиносоӣ бо парвариши дарахтони ороишӣ, ки барои рушди корҳои ободонию кабудизоркунӣ ва беҳтар намудани ҳифзи муҳити зист нигаронида шудааст.

Зимни суҳбат бо боғдорон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо барои дуруст парвариш намудани ниҳолҳо маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар Боғи миллӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи нашъунамои дарахтони сояафкану ороишӣ шинос шуданд.