Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия дар ҳузури Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид:

— Нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи саноат байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия;

— Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Федератсияи Русия дар бораи рушди ҳамкорӣ дар тайёрӣ ва бозомӯзии мутахассисон дар соҳаи нақлиёт;

— Нақшаи амалии ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия барои солҳои 2023-2025;

Маросими сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти давлатии Федератсияи Русия – ордени «Барои хизмат дар назди Ватан»

Имрӯз дар Қасри Кремл маросими бо ордени «Барои хизмат дар назди Ватан» сарфароз гардонидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари расмӣ дар пойтахти Федератсияи Русия қарор доранд, баргузор гардид.

Дар оғози маросим Фармони Президенти Федератсияи Русия дар бораи мукофотонии Сарвари давлати мо бо ин нишони давлатии Русия қироат карда шуд.

Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин зимни супоридани мукофот саҳм ва хизматҳои хосси Пешвои миллатро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия, ки имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муваффақона рушд меёбанд, таъкид намуд.

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия

Имрӯз, 21 ноябр дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия дар Қасри Кремл мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин самимона истиқбол гирифт.

Зимни музокирот сарони ду давлат дар доираи мулоқоти хосса ва бо иштироки ҳайатҳои ҷонибҳо дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум, ки хоси муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар мебошад, маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории дутарафаро муҳокима намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди оромгоҳи Сарбози номаълум дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия гулчанбар гузоштанд

21 ноябр сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия бо гузоштани гулчанбар дар назди оромгоҳи Сарбози номаълум оғоз гардид.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ дар макони “Александровский сад” қаровули фахрӣ ва оркестр саф ороста буд.

Коменданти ҳарбии шаҳри Москва оид ба саф кашидан ва омодагии Горди фахрӣ барои баргузории маросими гиромидошти хотираи қурбониёни роҳи озодӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дод.

Президенти Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти мусиқии маросимӣ дар назди Гулхани абадӣ гулчанбар гузошта, бо дақиқаи хомӯшӣ хотираи қаҳрамонони Федератсияи Русияро пос доштанд. Сипас, баъд аз садоҳои бонг ва дақиқаи хомӯшӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия гардиданд

21 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари расмӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия ташриф оварданд.

Маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳи “Внуково-2”-и шаҳри Москва баргузор гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Федератсияи Русия гарму самимӣ пазироӣ намуданд.

Барои истиқболи шоиста майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду давлат оро ёфта, Ротаи қаровули фахрии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи гарнизони Москва ва оркестри низомии асбобҳои нафасӣ саф ороста буд.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия

21 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Федератсияи Русия рафтанд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони мудофиа, корҳои дохилӣ, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, нақлиёт, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, кишоварзӣ, фарҳанг, молия, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, сардори хадамотҳои гумрук ва иҷро, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ

Бисмиллоҳи раҳмони раҳим,

Муҳтарам Раис, Волоҳазрат Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд, Валиаҳд ва Раиси Шӯрои вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ,

Муҳтарам сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳо!

Мо ташаббуси Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳи Арабистони Саудӣ – Аълоҳазрат Шоҳ Салмон ибни Абдулазиз Оли Саудро ба ҳайси Раиси кунунии Саммити исломӣ оид ба даъвати ҳамоиши изтирории имрӯза ҷиҳати баррасии вазъ дар навори Ғазза саривақтӣ ва муҳим медонем.

Вазъи буҳронӣ дар ин бахши Фаластин кишварҳои мо ва ҷомеаи ҷаҳониро сахт нигарон сохтааст.

Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор додани иншооти ғайринизомии минтақаи мазкурро, ки боиси кушта шудани ҳазорон нафар аҳолии осоишта ва дар ин миён занону кӯдакон, ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди мардум ва хароб гардидани инфрасохтори ҳаётан муҳим дар он гардидааст, шадидан маҳкум мекунад.