Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд

23 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласа бо дарназардошти вазъ дар минтақаҳои СААД ва ҷаҳон масоили афзоиши хатару таҳдидҳои минтақавию байналмилалӣ, мушкилоти рӯзмарраи амнияту бехатарӣ дар минтақаву ҷаҳон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти СААД ва таҳкими ҳамкории байнидавлатии кишварҳои аъзо дар доираи Созмон ҷиҳати ба таъмини амнияту бехатарӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Доир ба рӯзномаи ҷории масъалаҳои СААД, роҳҳои пурзӯр намудани муқовимат ба хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, тадбирҳои муштараки самарабахши мақсаднок дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва экстремизм, мубодилаи ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷинояткории фаромиллӣ мубодилаи афкор карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуданд

22 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Минск бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко мулоқот намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот роҳбарони ду давлат вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Беларусро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ намуданд.

Доир ба ҷараёни мусбати муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Беларус, рушди устувори шарикии стратегии ду давлат дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангию башардӯстона ва дигар соҳаҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуда, ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байнидавлатӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок дар муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ гардид.

Оғози сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Беларус

22 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба Ҷумҳурии Беларус ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи миллии Минск Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Беларус ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Ба истиқболи меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар оро ёфта, афсарони Қаровули фахрӣ саф оростанд.

Cафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия анҷом ёфт

22 ноябр сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Русия анҷом ёфт.

Маросими гусели меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳи “Внуково-2”-и шаҳри Москва баргузор гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Федератсияи Русия гарму самимӣ гусел намуданд.

Майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду мамлакат оро ёфта, Ротаи қаровули фахрии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи гарнизони Москва ва оркестри низомии асбобҳои нафасӣ саф оростанд.

Идомаи музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия

Имрӯз, 22 ноябр дар чаҳорчӯби сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия дар шаҳри Москва мулоқотҳои сатҳи олии Тоҷикистон ва Русия идома ёфтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин зимни субҳонаи корӣ маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкории ду давлатро муҳокима намуда, оид ба натиҷаҳои музокироти расмии дирӯза, ки аз лиҳози пешбурди минбаъдаи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии ҷонибҳо муфид арзёбӣ гардиданд, мубодилаи афкор намуданд.

Сарони давлатҳо ҳамчунин мубодилаи афкорро атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ идома доданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин мулоқот намуданд

21 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Федератсияи Русия дар шаҳри Москва бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия муҳтарам Михаил Мишустин мулоқот намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду давлат дар соҳаҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, энергетика ва кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки Федератсияи Русия дар сохтори гардиши савдои хориҷии давлати мо мавқеи пешсафро ишғол менамояд. Дар соли 2022 ҳаҷми гардиши мутақобилаи мол 1,7 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешин 24 фоиз афзудааст.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои сафари расмӣ ба Федератсияи Русия

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Дӯстони азиз,

Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Владимирович Путин барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Федератсияи Русия самимона изҳори сипос намоям.

Мо ин сафарро ҳамчун қадами муҳим дар роҳи тавсеаи минбаъдаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии давлатҳоямон мешуморем.

Мояи хушнудӣ аст, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Русия имрӯз дар тамоми соҳаҳои манфиатҳои тарафайн дорои ҷараёни устувор мебошад.