2 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубай дар ҳошияи Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP-28) дар чорабинии сатҳи баланди Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҳамоиш Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш, сарони як қатор кишварҳо ва роҳбарони ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки кишварҳои мо имсол дар остонаи баррасии ҳамаҷонибаи татбиқи Барномаи амали Вена барои даҳсолаи 2014-2024 барои Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ қарор доранд. Бинобар ин соли равон барои мо марҳилаи муҳим ба ҳисоб меравад.



2 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубай дар ҳошияи Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим бо Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассо мулоқот намуданд.
Муҳтарам иштирокдорони ҳамоиш,


1 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим (COP28) иштирок намуданд.
