Маросими маҷозии оғози сохтмони ду иншоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

17 март дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсия Русия дар толори Қасри Кремл маросими маҷозии оғози сохтмони ду иншооти муҳими иҷтимоӣ ва гуманитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маросими оғози бунёди Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ва Маркази байналмилалии таълимӣ барои омӯзиши кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе аз маҳалли сохтмони иншоот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ оид ба омодагӣ ба баргузории маросим гузориш доданд.

Бо розигии сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин барои бунёди Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ва Маркази байналмилалии таълимӣ барои омӯзиши кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе санги асос аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дигар шахсони масъули ду ҷониб гузошта шуд.

Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия

Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин оғоз гардида, дар вохӯрии васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.

Масъалаҳои калидии муносибатҳои ду кишвар ва мавзуъҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ ба таври муфассал муҳокима гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди хуби муколамаи сиёсӣ дар ҳамаи сатҳҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Рушди босуръати ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар солҳои охир таъкид гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди оромгоҳи Сарбози номаълум дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия гулчанбар гузоштанд

17 март сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия бо гузоштани гулчанбар бар пояи оромгоҳи Сарбози номаълум оғоз гардид.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ дар боғи Александр қаровули фахрӣ ва оркестр саф ороста буд.

Коменданти ҳарбии Москва оид ба саф кашидан ва омодагии Горди фахрӣ барои баргузории маросими гиромидошти хотираи қурбониён ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дод.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти мусиқии маросимӣ дар назди Гулхани абадӣ гулчанбар гузошта, бо дақиқаи хомӯшӣ хотираи қаҳрамонони Федератсияи Русияро пос доштанд. Сипас, баъд аз садоҳои бонг ва дақиқаи хомӯшӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. 

Масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба, ҳамчунин, мавзуоти байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Президентҳо аз сатҳи имрӯзаи ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карданд.

Сарварони ду давлат ҳамдигарро бо фарорасии идҳои Наврӯз ва Иди саиди Фитр табрик намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев Пешвои миллатро ба муносибати ба имзо расонидани Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон шодбош гуфтанд.

Оғози сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Русия

16 март сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия бо ворид шуданашон ба шаҳри Москва оғоз ёфт.

Маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳи Внуково-2-и шаҳри Москва баргузор гардид.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ пазироӣ карданд.

Барои истиқболи шоиста майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар оро ёфта, Ротаи қаровули фахрии гарнизони ҳарбии Москва ва оркестри низомии асбобҳои нафасӣ саф ороста буд.

Президенти Тоҷикистон бо сафари расмӣ ба Федератсияи Русия мераванд

16-17 марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия сафари расмӣ анҷом медиҳанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре хабар дода мешавад, дар доираи сафари расмӣ масоили ҳамкории дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва амниятӣ, инчунин мавзуъҳои минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб баррасӣ хоҳад шуд.

Тибқи нақша, баъди мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешавад.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба анҷом расид

Бегоҳии рӯзи 13 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари давлатии худро ба Ҷумҳурии Қирғизистон ба анҷом расонданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Бишкек Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров гусел намуданд.

Сафари давлатии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қирғизистон ду рӯз идома ёфт.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва дигар шахсони воломақом гуфтушуниди муфассал анҷом доданд.

Аз рӯйи натиҷаи ҳамоиши Тоҷикистону Қирғизистон дар сатҳи олӣ 16 санади навӣ ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муҳимтарини онҳо Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ мебошад.