Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии КВД «Маркази ҳифзи техникии иттилоот, сертификатсия ва экспертиза»-и Саридораи ҳифзи сирри давлатиро дар вилояти Хатлон ифтитоҳ намуданд

14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҳифзи техникии иттилоот, сертификатсия ва экспертиза»-и Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро мавриди истифода қарор доданд.

Иншоот дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ бунёд шуда, атрофи он бо гулу дарахтони ороишию ҳамешасабз кабудизор гардидааст.

Бино аз 4 ошёна иборат буда, дар қабатҳои якум, дуюм ва сеюми он қисми навбатдорӣ, ҳуҷраҳои корию маъмурӣ, китобхона бо махзани бойи адабиёти бадеиву соҳавӣ, озмоишгоҳ, маҷлисгоҳ бо 60 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир шудаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Корхонаи воҳиди давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон» ба истифода дода, дар маросими муаррифии татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон» иштирок намуданд

14 декабр дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Корхонаи воҳиди давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон» -и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтарро ба истифода дода, дар маросими муаррифии татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон» иштирок намуданд.

Амалисозии лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон» бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, мақсади татбиқи он ҷорӣ намудани хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии дохилишаҳрӣ ва наздишаҳрӣ бо истифода аз автобусҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонии мусофиркашӣ, паст кардани ҳолатҳои тамбашавии нақлиёт дар роҳҳои мошингард, баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва беҳтар намудани вазъи экологӣ мебошад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён бо лоиҳаи корхонаи истеҳсоли мототсиклҳои дучарха ва сечархаҳои гуногунҳаҷми ҶДММ «Вахш саноат» шинос шуданд

14 декабр дар ноҳияи Кӯшониён Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи корхонаи истеҳсоли мототсиклҳои дучарха ва сечархаҳои гуногунҳаҷми ҶДММ «Вахш саноат» шинос шуданд.

Корхонаи мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» бунёд мешавад.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи маҳсулоти дар оянда дар корхона истеҳсолшаванда муаррифӣ гардид.

Бо бунёди корхона 30 номгӯйи мототсиклҳои дучарха ва сечархаҳои гуногунҳаҷм истеҳсол мешавад, ки беш аз 30 дарсади таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётии онро низ худи корхона истеҳсол менамояд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён сардхонаи муосири ҶДММ «Сомон Агро Саноат»-ро мавриди истифода қарор доданд

14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён сардхонаи муосири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон Агро Саноат»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Сардхона дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо маблағгузории ширкати «Сомон Агро Саноат» бунёд гардида, имкони дар шароити хуб нигоҳубини то 2 ҳазор тонна меваю сабзавотро доро мебошад.

Масоҳати дохили сардхона дар ду марҳила беш аз 2 ҳазор метри мураббаъро ташкил намуда, дар умум дар он зиёда аз 4 ҳазору 500 тонна меваю сабзавот ҷойгир карда хоҳад шуд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бо лоиҳаи бунёди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ва кӯдакистону гармхона дар ҳудуди филиали донишгоҳ шинос шуданд

14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бо лоиҳаҳои бунёди филиали донишгоҳ дар ноҳияи Данғара ва кӯдакистону гармхона дар ҳудуди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон шинос шуданд.

Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иқдом гирифтааст, ки бунёди филиали донишгоҳи мазкур дар ноҳияи Данғараро ба роҳ монад.

Зимни муаррифии лоиҳаи филиали донишгоҳи мазкур дар ноҳияи Данғара иттилоъ дода шуд, ки бунёди иншоот талаботи замон буда, он аз рӯйи лоиҳа аз 5 бинои бо ҳам пайвасти 3, 5 ва 8-ошёна иборат мебошад. Бинои таълимии сохташавандаи филиали донишгоҳ дар ноҳияи Данғара барои 5000 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, баробари ба истифода додани он дар марҳилаи аввал 400 нафар бо ҷойи кор таъмин мегардад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бинои нави таълимии филиали Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»-ро ба истифода доданд

14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо раванди тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, шароити зиндагии сокинон, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва амалишавии барномаҳои давлатӣ, вазъи корҳои кишоварзӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар шаҳри Левакант Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва дигар масъулон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант нахуст бинои нави таълимии филиали «Муассисаи давлатии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» дар вилояти Хатлонро ба истифода дода, бо имконоти муосири донишомӯзӣ дар он шинос шуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

13 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат бинои наву замонавии Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»-ро, ки бо тарҳ ва шакли зебо бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат бо шароиту имконоти бинои нав шинос шуда, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки  бунёди  иншоот моҳи июли соли гузашта оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ, қабл аз ҳама, бо назардошти талаботи соҳавӣ  бо ҷалби 200 нафар сохтмончӣ анҷом дода шудаанд.