Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахш корхонаи нассоҷиро ифтитоҳ намуданд

15 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар деҳоти  «20 солагии Истиқлоли Тоҷикистон» и ноҳияи Вахш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Насими Вахш»”- ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин корхона, ки фаъолияташ ба самти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ нигаронида шудааст, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Бароталӣ Юсуфзода барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ва бо дастгоҳу технологияи муосири бофандагию дӯзандагӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Дар корхонаи «Насими Вахш» асосан ҷӯроб, либоси ягонаи мактабӣ ва дигар намуди либосҳои фармоишӣ истеҳсол мешавад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи марказии ноҳияи Вахшро баъд аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

15 декабр дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи марказии ноҳияи Вахшро баъд аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш, ки аз калонтарин иншооти тандурустии ноҳия ва ҳудуди вилояти Хатлон дониста мешавад, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи татбиқи лоиҳаи  «Ҳифзи саломатии модару кӯдак ва беҳтар намудани самти ёрии таъҷилии тиббӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон», марҳилаҳои 2 ва 4-ум мавриди таъмири асосӣ ва таҷдиду барқароркунӣ қарор дода шуд.

Маҳз дар доираи ҳамин лоиҳа Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии шарикони рушд ба истиқболи санаҳои бузургу таърихӣ ва гиромидошти сатҳи баланд аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Акнун дар ин ҷо барои зиёда аз 200 ҳазор аҳолии ноҳияи Вахш имконоти бештари ташхису муолиҷа муҳайё гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахш Маркази агрологистикии ҶДММ «Восток-1»-ро ифтитоҳ намуда, бо намоиши маҳсулоти саноатӣ шинос гардиданд

15 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Вахш Маркази агрологистикии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Восток-1»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Маркази агрологистикӣ аз сардхона, коргоҳи коркарди мева, банду басти он ва истеҳсоли карбос иборат мебошад. Иншооти нав ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори ватанӣ Абдухолиқ Саидов ва ҷалби сармояи шарикони рушд бунёд шудааст.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сардхона барои нигоҳдории 300 тонна маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ гардидааст. Дар сардхонаи навтаъсис асосан маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили мева, картошка, пиёз ва сабзӣ захира шудааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахш Мактаб-интернатро ба истифода дода, бо лоиҳаи бинои касбомӯзӣ шинос шуданд

15 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Хатлон ба ноҳияи Вахш ташриф оварданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии “Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор”-и ноҳияро дар деҳоти ба номи Рӯдакӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти иҷтимоӣ дар заминаи дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармоя ба истиқболи ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст сохта шудааст.

Мактаб-интернат аз 6 бинои алоҳида, бинои асосии дуошёна, хобгоҳ, ошхона, меҳмонхона, бунгоҳи тиббӣ ва бинои муҳофизон иборат мебошад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён корхонаи коркарди пахтаро ифтитоҳ намуданд

15 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон корхонаи коркарди пахтаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ифтихори Ватан»-ро мавриди истифода қарор дода, бо раванди фаъолияти хати технологӣ дар он шинос шуданд.

Корхонаи коркарду истеҳсоли пахта дар ноҳияи Кӯшониён аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маҳсуб ёфта, он дар доираи ҳадафҳои муҳими стратегӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат бо навтарин технологияи истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ бунёд шудааст. Корхона дар як мавсим иқтидор дорад, ки 5 ҳазор тонна ашёи хомро бо ҷалби 30 коргару мутахассиси маҳаллӣ коркард намояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо раванди фаъолияти хати технологӣ, иқдоми соҳибкори ватанӣ Анвар Раҳмоновро ҷиҳати таъсиси чунин иншооти калони саноатӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот муҳим арзёбӣ намуда, масъулонро барои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли ин намуди маҳсулот ва коркарди он то ҳадди ниҳоӣ вазифадор намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии «Алфа»-и Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлонро мавриди истифода қарор доданд

4 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии «Алфа»-и Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлонро мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти нав дорои ҳуҷраҳои кории кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, синфхонаҳо барои омӯзиш, толори маҷлис, ҷойи хоб, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасони техникӣ мебошад.

Бинои нав дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён бо фаъолияти гармхонаи парвариши лимӯ дар Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар» шинос шуданд

14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз гармхонаи парвариши лимӯ дар Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар» дар ноҳияи Кӯшониён боздид намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар» дар масоҳати 50 гектар таъсис ёфта, майдони 3 гектарро боғ, 30 гектар пахта, 8 гектар ғалладонагиҳо, 1,5 гектар картошка ва 3,9 гектарро замини кишти хўроки чорво ташкил медиҳад.

Дар хоҷагии мазкур, ки роҳбариашро Маҳмадтолиб Ҷобирзода ба уҳда дорад, 10 гармхона бунёд шудааст. Сохтмони гармхона аз соли 2012 оғоз гардида, соли 2016 аз тарафи Президенти мамлакат зимни сафари корӣ ба истифода дода шудааст.