Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ барқияи табрикӣ ирсол намуданд

20 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Аълоҳазрат,

Бо камоли сарфарозӣ Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон  ба ҳайси Амири Давлати Кувайт табрику муборакбод менамоям.

Итминон дорам, ки таҷрибаи ғанӣ ва малакаи баланди касбии Шумо барои пешрафту шукуфоии Давлати Кувайти дӯст ва таҳкими ҷойгоҳи он дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ доктор Абдулҳамид Алхалифаро ба ҳузур пазируфтанд

20 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Директори генералии Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ доктор Абдулҳамид Алхалифаро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот вазъи кунунии ҳамкорӣ ва дурнамои тавсеаи он байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳамкории судманди Тоҷикистон бо Хазинаи ОПЕК густариш ёфта, ба таъмини рушди устувори мамлакат нигаронида шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

19 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Раис,

Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани теъдоди зиёди одамон, ҳамзамон зарар дидани  бинову иншооти сершумор бар  асари заминларзаи шадид дар музофотҳои Гансу ва Тсинхаи Ҷумҳурии Мардумии Чин боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Дар иртибот ба ин мусибати гарон ба Шумо ва наздикону пайвандони фавтидагон ҳамдардӣ ва таслияти самимии инҷонибро иброз менамоям. Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ барқияи шодбошӣ ирсол намуданд

19 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ барқияи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Шуморо бо пирӯзии баҳснопазиратон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср сидқан табрику муборакбод менамоям. Лутфан, таманниёти самимии инҷонибро ба ин муносибат бипазиред.

Натиҷаҳои ин интихобот боз як далели эътимоди баланди ҷомеа ба фаъолияти давлатии Шумо, обрӯву эътибори муътабари сиёсиатон буда, намунаи барҷастаи дастгирӣ ёфтани сиёсати давлатиатон аз ҷониби мардуми Миср мебошад, ки ба рушди бемайлони кишвар ва таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст. Бовар дорам, ки тайи давраи пешомад Шумо дар роҳи идораи муваффақи Мисри ба мо дӯст ба дастовардҳои навин ноил хоҳед гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Аълоҳазрат,

Хабари даргузашти Амири Давлати Кувайт Шайх Наввоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ боиси ғояти ҳузну андӯҳи мо гардид.

Шодравон ходими барҷаставу муваффаки сиёсиву давлатӣ ва яке аз  шахсиятҳои намоён дар минтақа ва ҷаҳон буданд.

Марҳум ҳамчун сарваре, ки ҷиҳати густариш ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт саҳм гузоштааст, ҳамеша дар хотироти мо боқӣ мемонад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Моҳир инвест»-ро ба истифода доданд

15 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии ноҳияи Ёвон корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Моҳир инвест»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи нави саноатӣ ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,   дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) аз тарафи соҳибкори ватанӣ Баҳриддин Ҷурахонов бунёд гардидааст.

Бо таъсиси корхонаи нави истеҳсолӣ 230 нафар, ки аксари онҳо сокинони  маҳаллӣ мебошанд, бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки фаъолияти корхонаи нави саноатӣ дар ду баст амалӣ шуда, дар он асосан, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла гаҷкартон бо профилу васлакҳои металлӣ, сақфҳои гаҷӣ (армстронг) ва хокаҳои сохтмонӣ (шпаклёвка ва штукатурка) ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон бо маданияти истифодаи замин дар хоҷагии деҳқонии «Раҷабалӣ» шинос шуданд

15 декабр дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Ёвон аз маданияти истифодаи замин дар хоҷагии деҳқонии «Раҷабалӣ» ва намоиши маҳсулоти кишоварзии деҳқонони вилояти Хатлон боздид намуданд.

Хоҷагии деҳқонии  «Раҷабалӣ» соли 1999 аз тарафи деҳқони ботаҷриба Усмоналӣ Раҷабов дар масоҳати 9 гектар замини обӣ ташкил гардида, дар он 5 саҳмдор фаъолият менамоянд, ки ҳамасола  зироати гуногуни кишоварзӣ  кишту парвариш ва истеҳсол менамоянд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар хоҷагӣ имсол дар кишти асосӣ дар масоҳати 2 гектар гандуми навъи   «Кроснадар» ва дар 3 гектар картошкаи навъи  «Галла» кишт  шуда, ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд.