Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити кору хизматрасонии Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» дар ноҳияи Варзоб шинос шуданд

29 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо шароити кору хизматрасонии Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» шинос шуда, марҳилаи дуюми роҳи танобиро мавриди истифода қарор доданд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини шароити созгори бахши сайёҳӣ ва ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ дар мавзеи «Сафеддара» аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафеддара» якчанд иншооти муҳими соҳаи сайёҳӣ бунёд гардида, сохтмони дигар инфрасохтор идома дорад.

Дар Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо шароити қабули мизоҷон дар коттеҷи чӯбини дуошёна шинос шуданд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.

Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид

 28 декабри соли 2023 дар толори калони «Кохи Сомон»-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паём «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Дар толор раёсат ва аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати мамлакат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, як гурӯҳ собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шурои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, вакилони якчанд иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, доираи тоҷирону соҳибкорон ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум иштирок доштанд.

Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд

27 декабр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст Дар бораи Стратегияи миёнамуҳлати идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 ҳисоботи Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини эҳтиёҷоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағгузорӣ тавассути ҷалби маблағҳои қарзӣ бо хароҷоти камтарин дар дурнамои миёнамуҳлат ва дарозмуддат бо дараҷаи оқилонаи хавф, ташкил ва нигоҳдории бозори функсионалии қоғазҳои қиматнок равонгардида мебошад.

Баъди баррасии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Стратегияи миёнамуҳлати идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки Стратегия тасдиқ шавад ва Вазорати молия якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор оид ба амалисозии ин Стратегия тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии роҳбарони давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок намуданд

26 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии роҳбарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия доир гардид, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо ҳолати ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориро дар қолаби ИДМ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин зимн масоили таҳкими муколамаи сиёсӣ дар чорчӯби Иттиҳод, ҳамчунин рушди минбаъдаи ҳамкорӣ байни давлатҳои иштирокчӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва амният ба ҳайси вазифаҳои рӯзмарра муайян гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо роҳбарони давлатҳои иштирокчии ИДМ бо маконҳои таърихии шаҳри Санкт-Петербург шинос шуданд

26 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо роҳбарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо маконҳои таърихии шаҳри Санкт-Петербург, аз ҷумла осорхона-мамнуъгоҳи “Павловск”,  қасри Екатерининаи осорхона-мамнуъгоҳи “Дарбори подшоҳӣ” ва Қасри бузурги Петергофи осорхона-мамнуъгоҳи “Петергоф” шинос шуданд.

Дар саҳни осорхона-мамнуъгоҳи “Павловск” Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин истиқбол гирифтанд.

Ба сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба таърихи осорхона-мамнуъгоҳҳо ва санъати меъмории онҳо маълумоти муфассал пешниҳод гардида, намоиши фарҳангӣ баргузор шуд.

Оғози сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия

25 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии роҳбарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Пулково Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони расмии Федератсияи Русия самимона истиқбол гирифтанд.