Таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии сокинони кишвар соли ҷорӣ низ Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.
Ҷиҳати боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории Озмун ва ҳавасмандсозии бештари иштирокчиён дар соли 2024 ба Низомномаи Озмун тағйироту навгониҳо ворид карда шуданд.
Номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон ба номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ табдил дода шуд. Ин номинатсия яке аз фаъолтарин бахшҳои Озмун ба шумор рафта, довталабон асосан хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Ба ин хотир, ҷиҳати бештар ҳавасманд намудани кӯдакону наврасон номинатсияи мазкур ба 3 гурӯҳ ҷудо мешавад:



АМРИ
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб баргузор шуда, мақсади озмун муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, таблиғ ва эҳёи санъати миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ мебошад.
АМРИ

ФАРМОНИ
