10 январи соли 2024 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳақан Фиданро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот аз раванди кунунии рушди робитаҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, тавсеаи минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба ва дарозмуддати дуҷонибаро ҷавобгӯи манфиатҳои давлатҳо арзёбӣ намуданд.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ таҳкими бештари ҳамкориро дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, махсусан иқтисодӣ ва иҷтимоӣ зарур шуморида, ҷонибдории худро ҷиҳати фаъолтар намудани ин раванд иброз доштанд.