
24 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар соли 2023 муфассал баррасӣ гардида, вазифаҳои асосӣ барои соли 2024 муайян карда шуданд.



22 январ сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Давлати Қатар анҷом ёфт.
Пас аз анҷоми мулоқоти музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қатар бо иштироки сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
22 январ дар пойтахти Давлати Қатар — шаҳри Давҳа дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қатар баргузор шуд.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохторҳои молиявию бонкӣ, маориф, Академияи миллии илмҳо, кумитаҳои ҷавонон, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъйин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
АМРИ
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
