Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии «Роғун» бо ҷараёни корҳо дар нақбҳои обқабулкунандаи доимӣ ва шахтаҳои дарвозаҳои он шинос шуданд

27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар идомаи боздид аз Неругоҳи обии “Роғун” бо рафти кор дар нақбҳои обрави агрегатҳои №3 ва №4-и обқабулкунандаи доимӣ дар сатҳи 1152 метр аз сатҳи баҳр шинос шуданд.

Корҳо дар деворҳои болоии иншооти мазкур, аз қабили таркишию хокбарорӣ ва сементрезию мустаҳкамгардонӣ инчунин дохили нақбҳои обгузар аз тарафи мутахассисони ватанӣ анҷом дода мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки то ин замон иҷрои корҳои нақбканӣ ва мустаҳкамкорӣ дар ин нақбҳо ба анҷом расонида шуда, иҷрои корҳои сементрезӣ ва мустаҳкамкунӣ идома дорад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии «Роғун» бо ҷараёни корҳо дар рӯди Оби Шӯр шинос шуданд

27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар майдончаи назоратии рӯди Оби Шӯри Неругоҳи обии “Роғун” бо ҷараёни корҳои тозакунии сангу шағал дар сарбанди ҳимоявӣ шинос шуданд.

Сарбанди ҳимоявӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатари селу обхезӣ дар Оби Шӯр, ки ҳамасола дар мавсими боронгарӣ ба вуқуъ меояд, бунёд карда шудааст.

Зимни шиносоӣ аз раванди фаъолият дар сарбанди ҳимоявии Оби Шӯр ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки тоза намудани пешдарғоти сарбанд бо истифода аз 70 нақлиёти соҳавии пуриқтидор ва бо ҷалби 100 нафар мутахассисони маҳаллӣ сурат мегирад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар сарбанди Неругоҳи обии «Роғун» шинос гардиданд

27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди Неругоҳи обии “Роғун” шинос шуданд.

Дар ин ҷой аз сатҳи баҳр дар баландии 1140 метр то 1300 метркорҳои таркишию хокбарорӣ, ки ҳаҷми умумии лоиҳавии он 880 ҳазор метри мукааб мебошад, пурра анҷом ёфтааст.

Насби лангарҳои оҳанин 80%, лангарҳои фишордор 85% ва корҳои арматурбандию бетонхобонӣ 81% иҷро шудааст.

Ҳоло корҳои мустаҳкамкунӣ дар болои обқабулкунандаҳои доимӣ аз рӯйи лоиҳа идома дошта, ҳадафи коргарону мутахассисон ба иҷрои босифати нишондодҳо равона карда шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳо дар нақби сохтмонии қабати 4 (СТ-4)-и НБО «Роғун» шинос шуданд

27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Неругоҳи обии “Роғун” нахуст бо ҷараёни корҳои анҷомёфта дар бинои дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонии қабати 4 шинос шуда, бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти иншоот оғоз бахшиданд.

Дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонии қабати 4 дар баландии 1088 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, корҳои бунёдӣ бо назардошти меъёрҳои ҷаҳонии соҳаи энергетика анҷом ёфтааст.

Дарозии дарвозаҳо 12,5 метрро ташкил дода, бо истифода аз маҳсулоти корхонаҳои ватании насби таҷҳизоти гаронарзиш сохта мешавад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хати интиқоли барқи 220 кВ аз НБО «Роғун» то зеристгоҳи барқии «Роғун»-ро ба истифода доданд

27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Роғун хатти интиқоли барқи 220 кВ аз Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 кВ-и НБО «Роғун» то зеристгоҳи барқии «Роғун» бо дарозии умумии 12,7 км ва васеъсозии дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220 кВ-и зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Роғун»-ро баъд аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки баъд аз навсозӣ ва васеънамоии зеристгоҳи мазкур барқи истеҳсолгардидаи НБО «Роғун» тавассути хатти барқии 220 кВ аз дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазии – 220 кВ-и НБО «Роғун» то дастгоҳи тақсимоти кушодаи зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Роғун» интиқол ёфта, ба низоми ягонаи энергетикии кишвар пайванд мешавад ва ба ин васила эътимоднокии системаи энергетикӣ кишвар баланд мегардад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун Маркази рушди малакаҳои касбиро ифтитоҳ намуданд

27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва боздид аз раванди корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи обии «Роғун» ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.

Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо ифтитоҳи Маркази рушди малакаҳои касбӣ оғоз гардид.

Иншооти хуштарҳу замонавии навбунёд дар шаҳри Роғун бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби 2,9 миллион доллари ИМА аз шарикони хориҷии рушд дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмин ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтарсозии малакаи касбӣ ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи меъморӣ бунёд гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ суҳбат намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мубоҳисаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Амири Давлати Қатар шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ суҳбат намуданд.

Зимнан масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва чанде аз мавзуъҳои минтақавию ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд, аз ҷумла, ба рӯзномаи ҳамоиши сарони давлатҳо дар Муколамаи Осиё оид ба ҳамкорӣ, ки ба наздикӣ дар Қатар баргузор хоҳад шуд, зоҳир гардид.