Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни Сада, ки ҳамчун ёдгори бисёр гаронбаҳо аз аҷдоди некномамон ба мо мерос монда, ба шарофати соҳибистиқлолии Ватани азизамон эҳё гардидааст ва ба яке аз ҷашнҳои муҳимми миллии мо табдил ёфтааст, самимона табрик мегӯям.

Ҷашни Сада дар қатори Наврӯзу Тиргон ва Меҳргон аз даврони қадим то рӯзгори мо бо як силсила одобу суннатҳо, расму ойинҳо ва донишу таҷрибаҳои кишоварзӣ омада расидааст.

Ниёгони ориёитабори мо ҳанӯз беш аз шаш ҳазор сол қабл аз ин ба ҳунармандиву косибӣ, истеҳсоли ашёи зарурии рӯзгор ва корҳои кишоварзиву боғдорӣ машғул будаанд.

Онҳо барои ҳар як фасли сол иду маросим ва одатҳои махсус доштаанд, ки ҳама бо табиат, заминдорӣ ва касбу кори гузаштагонамон пайванди мустаҳкам дошта, аз ҷониби хурду бузург таҷлил мегардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи талаботи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати додани ризоият барои аз вазифа озод намудани муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбакзода Дилшод Саид, Рофизода Мирзоамон Ҳамдам, муовини Прокурори генерали-сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоирзода Икром Оймаҳмад ва ҷиҳати таъйин намудани Каримзода Умед Раҳматшо ба вазифаи муовини якуми Прокурори генералӣ, Азимзода Сарвар Бозор муовини Прокурори генералӣ, Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло ба вазифаи муовини Прокурори генералӣ-сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

Хамчунин, тибқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» барои ба вазифаи муовинони Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин намудани Ҳабибулло Амирбекзода ва Мусо Мирзозода розигӣ доданд.

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Сафарзода Лашкар Аслам бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2024
№АП-499

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 январи соли 2024 №14
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини
вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Раҳмонзода С.Ҳ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи директори Агентии назорати маводи
нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод кардани Воҳидзода Ҳ.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазир — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеуро ба ҳузур пазируфтанд

25 январ дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазир- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеуро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тамоюли тавсеаи устувори шарикии стратегии ду давлат, инчунин ба сатҳи ҳампаймонӣ баровардани онҳо бо қаноатмандӣ таъкид гардид.

Сарвари давлати мо рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистонро авлавияти тағйирнопазири сиёсати хориҷии Тоҷикистон номиданд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024

Муҳтарам аъзои Ҳукумат!
Ҳозирини гиромӣ!

Дар паёми навбатии Президенти мамлакат нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон, инчунин, дастоварду пешравиҳои дар ҳафт соли охир ноилшудаи кишвар, бахусус, дар соли 2023 баён гардида, самтҳои асосии пешрафти минбаъдаи давлат ва ҷомеа муайян карда шуданд, ки барои соли 2024 ва солҳои минбаъда вазифаҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд.

Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки тамоми саъю кӯшиши худро барои иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми Роҳбари давлат додашуда равона созанд.

Ҳукумати мамлакат, ҳамчунин, вазифадор аст, ки якҷо бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи супоришҳои қаблӣ тавассути татбиқи самараноки барномаву нақшаҳои қабулгардида суръати рушди иқтисоди кишварро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намояд.