Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар замони муосир сайёҳӣ яке аз бахшҳои рушди иқтисоди мамлакат буда, солҳои охир босуръат рушд менамояд. 

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ аст, ки заминаи устувори рушд барои соҳаи сайёҳӣ буда, соҳаи мазкур ба сифати манбаи боэътимоди рушди иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ мегардад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳиро соҳаи афзалиятноки мамлакат эътироф намуда, барои рушду пешрафти он тамоми тадбирҳоро амалӣ менамояд.

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 бо мақсади пешбурд ва оммавигардонии соҳаи сайёҳӣ «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030» қабул карда шуда, татбиқи он марҳала ба марҳала амалӣ менамояд.

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Бо мақсади самаранок ба роҳ мондани корҳо дар самти рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ таъсис дода шавад (замима мегардад).

2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо роҳбарии яке аз муовинони раис аз ҳисоби роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, вакилони маҷлисҳои вакилони халқ, фаъолони дигари вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гурӯҳҳои кории доимоамалкунанда таъсис диҳанд.

Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои ҳавасмандгардонии ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ки тибқи он барои қадршиносии 68 нафар ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо 1 462 500 (як миллиону чорсаду шасту ду ҳазору панҷсад) сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Ин қадршиносии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди варзиш ва ҳавасмандгардонии варзишгарони баору номуси Тоҷикистон буда, бори дигар собит менамояд, ки рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамеша дар мадди назари Сарвари давлати Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Дар ҷаҳони муосир варзиш ба василаи муҳимтарини таъмини сулҳ ва ҳамзистии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, тавассути он давлатҳо ва халқу миллатҳо мақом ва нуфузи байналмилалиашонро ҳифз намуда, аз ҳувияту шарафи худ дифоъ менамоянд.

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мукофотонидани 68 ғолиб ва ҷоизадори мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо тибқи рӯйхати замимагардида 1 462 500 (як миллиону чорсаду шасту ду ҳазору панҷсад) сомонӣ ҷудо намояд.

2. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи саривақтӣ ва мақсадноки маблағҳои ҷудошударо таъмин карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи хароҷоти анҷомдодаро пешниҳод намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлон ва Суғд таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Имрӯз мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» Мирзозода Музаффар Бурҳон – ба вазифаи муовини якуми раиси вилояти Хатлон, Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон – ба вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон, Абдусаломзода Анзурат Абдусалом – ба вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон, Қурбонзода Суҳайлӣ Кароматулло ба вазифаи муовини якуми раиси вилояти Суғд таъйин гардиданд.

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 29 январи соли 2024 №16
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини
якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Каримзода Ҷ.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Сатториён М.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Сатториён Матлубахон Амонзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.