Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
7 феврали соли 2024
№АП-511

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 7 феврали соли 2024 №43
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини сардори Саридораи ҳифзи
сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Сафарзода М.Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Сафарзода Муҳаммад Бақо бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми директори Агентии
назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Сафарзода С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сафарзода Суҳроб бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии хизмати давлатӣ ва Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйингардидаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои муовини якум ва муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мувофиқа бо Сарвари давлат сардорони раёсатҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, сардорони баъзе аз раёсатҳои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз ҳисоби кадрҳои кордону варзида ва ҷавону ояндадор таъйин гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев мулоқот намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев, ки бо сафари расмӣ ба мамлакати мо ташриф овардааст, мулоқот намуданд.

Зимни суҳбат маҷмуи масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ва дурнамои рушди он мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин замина Сарвари давлати мо, аз ҷумла аҳамияти рушди фаъолтари муколамаи сиёсӣ ва таҳкими фазои эътимод дар муносибатҳои ду давлатро, ки бар арзишҳои чандинасраи дӯстӣ ва анъанаҳои ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфтаанд, таъкид намуданд.

Масъалаҳои татбиқи тавофуқоти сарони ду давлат доир ба пешбурди музокироти дуҷониба оид ба муайян намудани хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ва натиҷаҳои вақтҳои охир дар ин самт бадастомада дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 2 феврали соли 2024 №38
ш. Душанбе

Дар бораи муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Муборакшозода Ғ.Ғ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои масъулу роҳбарӣ таъйин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайратшо Муборакшозода муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сардорони 25 раёсату шуъбаҳои вазорати корҳои дохилӣ аз ҳисоби кадрҳои ҷавону ботаҷриба, масъулиятшинос ва дорои касбияти баланд таъйин гардиданд.

Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Рӯшону Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб, ноҳияҳои Кушониён, Дӯстӣ, Носири Хусрав ва Ёвони вилояти Хатлон, сардорони раёсатҳои кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ, таъминоти моддӣ-техникӣ, разведка, тиббӣ, ҳамкории байналмилалӣ, таҳқиқ, раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва нақлиёти вилояти Суғд ва ноҳияи Шаҳристон аз ҳисоби кадрҳои дорои маҳорати баланди касбӣ ва болаёқату кордон таъйин гардиданд.