Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти судӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои дар мақомоти судӣ таъйиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои раиси суди вилояти Суғд, раиси суди шаҳри Кӯлоб, раисони судҳои ҳарбӣ дар гарнизонҳои Душанбею Хуҷанд, раисон ва муовинҳои раиси суд ва судяҳо дар якчанд шаҳру ноҳияҳо кадрҳои ҷавону варзида ва болаёқат таъйин гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба баланд бардоштани сатҳи касбияти кадрҳои судӣ, дониши васеи қонунҳои миллӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон ва бахусус ба забондонии онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки донистани забони давлатӣ дар сатҳи баланд ва ба ҳамин сатҳ аз худ намудани ду забони хориҷӣ аз вазифаҳои муҳими ҳар хизматчии давлатӣ аст. Супориш дода шуд, ки барои омӯзиши амиқи забонҳои хориҷӣ ба кормандони мақомоти судӣ ва ҳамаи хизматчиёни давлатӣ як сол муҳлат дода шавад ва дар сурати иҷро нашудани ин талабот нисбаташон чораҳои зарурӣ амалӣ карда шавад.

Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Иброҳимзода Дилшод Эмом бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 9 феврали соли 2024 №46
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Пириев Ҷ.С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Пириев Ҷалолиддин Сафарович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи судяи суди ноҳияи Балҷувони
вилояти Хатлон озод намудани Қодирӣ Ф.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Қодирӣ Фируз Абдуҷаббор бо хоҳиши худаш аз вазифаи судяи суди ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки аз ҳисоби ҷавонони кордону лаёқатманд дар вазифаҳои сардорони раёсатҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфта, ҷиҳати такмили сатҳи забондонӣ, иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ, таъмини амнияту субот ва волоияти қонун дар мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев баргузор шуд.

Зимни суҳбат Пешвои миллат бо таманниёти саломатӣ, некуаҳволӣ ва комёбиҳои нави бузург дар фаъолияти давлатӣ муҳтарам Илҳом Алиевро бо натиҷаҳои муваффақи интихоботи президентӣ ва аз нав интихоб шудан ба мақоми олии давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон самимона табрик намуданд.

Ҷонибҳо инчунин вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии Тоҷикистону Озарбойҷонро баррасӣ намуданд. Ҷараёни устувори рушду тавсеа ва таъмиқи муносибатҳои байнидавлатӣ ва тамоми маҷмуи ҳамкории гуногунҷанбаи ду давлат зикр карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи табрикӣ ирсол намуданд

8 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Илҳом Ҳайдарович,

Шуморо дар робита ба пирӯзии эътимодбахшатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон сидқан табрик мегӯям. Лутфан, таманниёти беҳтарини маро ба ин муносибат қабул фармоед.

Интихоби дигарбораи Шумо ба ин маснади олии давлатии Озарбойҷони бародар боз як далели равшани боварии баланди ҷомеаи Озарбойҷон ба Шумо ва дастгирии васеи он аз роҳи стратегии Шумо мебошад, ки ба рушди пайвастаи иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва ҳамзамон таҳкими нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудааст.