Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Қатар, шаҳри Давҳа, ки бо сафари кории якрӯза ташриф оварданд, нахуст бо Амири давлат Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуданд.

Зимни вохӯрӣ, ки дар ҳошияи мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавонӣ барои Ҷоми Амири Қатар баргузор гардид, масоили вобаста ба равобити дӯстӣ ва рушди ҳамкории бисёрҷанбаи ду кишвари дӯст баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Амири Давлати Қатарро бо баргузории бомуваффақияти мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавонӣ шодбош гуфта, барои даъват ва пазироию меҳмоннавозии самимӣ арзи сипос намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Амири Давлати Қатарро ҳамчунин, бо пирӯзии дастаи миллии кишвараш дар чемпионати Осиё доир ба футбол табрику таҳният гуфта, барои пазироии шоиста аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқаҳо изҳори қадрдонӣ намуданд.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Давлати Қатар оғоз гардид

17 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Давҳа меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос Вазири варзиш ва ҷавонони Қатар Шайх Ҳамад ибн Аҳмад Оли Сонӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар

17 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари корӣ ба Давлати Қатар сафар намуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумат баргузор шуд, ки дар кори он натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар моҳи январи соли 2024 баррасӣ шуд.

Тавре дар суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, бо вуҷуди вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳонӣ суръати рушди иқтисоди кишвар дар моҳи январи соли равон дар сатҳи 8,1 фоиз таъмин гардид, вале камбудиҳои ҷиддӣ низ вуҷуд доранд.

Роҳбари давлат таъкид карданд, ки фаъолияти Ҳукумати мамлакат дар ин раванд ҳанӯз нокифоя аст. Аз ҷумла дар ин муддат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳишёбии суръати рушди соҳаҳои кишоварзӣ 1,2 банди фоизӣ, саноати коркард 1,8, таъмини неруи барқ 14,9 ва соҳаи сохтмон 1,6 банди фоизӣ ба қайд гирифта шуд, ки андешидани тадбирҳои иловагиро дар ин соҳаҳо тақозо менамояд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти прокуратура таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти прокуратура таъйиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои муовини якуми прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини якум ва муовини прокурори вилояти Хатлон, муовини прокурори вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, прокурори ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурори ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, прокурорҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истиқлол ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, прокурори шаҳри Роғун, прокурори ноҳияи Нуробод, ҳамчунин сардорони якчанд раёсати дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ кадрҳои ботаҷриба ва ҷавону дорои маҳорати хуби касбӣ таъйин гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шурои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шурои Аврупо муҳтарам Шарл Мишел баргузор гардид.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ намуданд.

Дар ин зимн, Сарвари давлати мо аз аҳамияти таҳкими минбаъдаи муколама байни ҷонибҳо ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои сиёсӣ ва иқтисодиву тиҷоратӣ ёдовар шуданд.

Тарафҳо, ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба соҳаи амният, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон ва таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистонро матраҳ намуданд. Дар робита ба ин, изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкорӣ дар доираи чунин барномаҳо, ба монанди БОМКА, КАДАП ва ЛЕЙКА минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи озод ва таъин намудани судяҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Ҳоҷизода Мирзошариф Мирзораҳмат аз вазифаи раиси суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд озод гардида, раиси суди вилояти Суғд таъин карда шавад.

2. Муҳиддинзода Баҳодур Бобохон аз вазифаи раиси суди ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон озод гардида, раиси суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таъин карда шавад.

3. Нурализода Сафарбек Маҷид аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе озод гардида, раиси суди ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон таъин карда шавад.