Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд

21 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, ҳамчунин масоили алоҳидаи байналмилалию минтақавӣ баррасӣ шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз аз имкони дидору мулоқот изҳори қаноатмандӣ карда, ҷониби Русияро барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани мусобиқаи байналмилалии “Бозиҳои оянда” шодбош гуфтанд.

Сарони ду давлат ба натиҷаҳои музокироти расмии сатҳи олии Тоҷикистону Русия, ки моҳи ноябри соли 2023 дар шаҳри Москва баргузор гардида буд ва ҳамчунин нишасти навбатии Комиссияи байниҳукуматии моҳи декабри соли гузашта доиргардида баҳои баланд доданд.

Cафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия оғоз шуд

21 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Қазон меҳмони олиқадр — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони расмии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тотористон самимона истиқбол гирифтанд.

Дар назар аст, ки зимни сафар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии омехтаи «Бозиҳои оянда» иштирок намуда, бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва роҳбарияти Ҷумҳурии Тотористон мулоқот анҷом медиҳанд.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Қазони Федератсияи Русия

21 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари корӣ ба шаҳри Қазони Федератсияи Русия рафтанд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти Давлатманд Холов ҳамдардӣ баён намуданд

Шаби 18 феврали соли 2024 сароянда ва оҳангсози маъруфи тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, Ҳофизи халқии Узбекистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, роҳбари ансамбли давлатии «Фалак» дар назди Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Давлатманд Холов баъд аз бемории тӯлонӣ дар синни 74-солагӣ вафот намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми бисёр арзишманди Давлатманд Холовро дар рушди санъати овозхонӣ, махсусан, сурудҳои халқӣ ва жанри «Фалак» таъкид намуда, ба аҳли оила ва наздикону пайвандони ӯ ҳамдардии амиқ баён намуданд.

Шарҳи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026»

Соҳаи ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, сол ба сол рушд ёфта истодааст. 

Ҷиҳати роҳандозии омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва таъмин намудани рушди он солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардиданд.

Бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 бо мақсади эҳё ва инкишофи ҳунарҳои миллӣ ва муосир, мероси фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои таърихии ҳунаромӯзии халқ, ҷалб ва ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи  аҳолӣ   ҷиҳати   истеҳсоли    маҳсулоти    ҳунарҳои   мардумӣ, ташаккул ва  дастгирии  фаъолияти  ҳунармандӣ ҳамчун воситаи васеъ намудани шуғли пурмаҳсул, бахусус барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 тасдиқ гардид.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 18 феврали соли 2024 №73
ш. Душанбе

Дар бораи таъсиси гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ
дар солҳои 2024-2026

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо мақсади иҷрои банди 30 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020, №570 тасдиқ шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Қатар мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавониро тамошо намуданд

Пас аз мулоқот Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои тамошои якҷояи мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавонӣ ба тамошогоҳи майдони васеи хоси ин бозиҳо даъват намуд.

Суҳбати самимии сарони ду давлат ҳангоми тамошои пойгаҳи аспдавонӣ идома ёфт.

Тавре таъкид гардид, ин намуди варзиш дар байни мардумони араб, аз ҷумла қатариён, шуҳрати беандоза зиёд дорад ва дар он варзишгарони моҳиру номдор аз тамоми минтақаҳои ҷаҳон иштирок намуда, ғолибон соҳиби ҷоизаҳои калон мегарданд.