Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Осиф Алӣ Зардорӣ баргузор гардид.

Пешвои миллат дар оғози суҳбат муҳтарам Осиф Алӣ Зардориро дар робита ба интихоб гардиданаш ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатӣ ва дар фаъолияти давлатӣ барору комёбиҳо орзу намуданд.

Ҷонибҳо ҳамзамон вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Покистонро баррасӣ карданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Абдулло Ориповро, ки барои иштирок дар нишасти навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар вохӯрӣ маҷмуи масоили вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорию шарокати ду давлат баррасӣ шуд.

Ҳамчунин масъалаҳои Рӯзномаи ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ки кори худро дар Душанбе оғоз менамояд, мавриди баррасӣ қарор доштанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба татбиқи амалии дастуру супоришҳо ва ҳидояту пешниҳодҳое, ки 9 март зимни мулоқоташон бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин  садо дода буданд, машварати корӣ доир намуданд.

Дар машварат, ки бо иштироки роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди олӣ, Прокуратураи генералӣ, вазорату идораҳои дахлдор ва муассисаҳои илмию тадқиқотии мамлакат ҷараён гирифт, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки масъулини дахлдор барои татбиқи амалӣ ва босамари дастуру супоришҳо, ҳидоятҳо ва пешниҳодҳои он рӯз садодода, ки дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳамовозии зиёд дарёфт намуд, нақшаю барномаҳои асосноку ҳадафманд таҳия карда, чораҳои зарурӣ  амалӣ намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд

11 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Дар иртибот ба интихоб гардиданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон сарфарозам ба Шумо табрикоти самимӣ ва таманниёти неки хешро расонам.

Мо сатҳи имрӯзаи равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистонро баланд арзёбӣ менамоем.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин мулоқот намуданд

9 март дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот намуданд.

Нахуст, Сарвари давлат ҳамаи иштирокдорони мулоқот ва кулли мардуми мамлакатро ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон – моҳи парҳезгориву эҳсонкорӣ, хайру садақот, бахшиши гуноҳҳо ва поксозии зоҳиру ботин самимона табрик гуфта, дар бораи фазилатҳои пурарзиши ин моҳ андешаронӣ намуданд ва барои рафъи камбудиҳои дар ин соҳа ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас додаанд.

Дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ карда, аз аҳли ҷомеаи мамлакат риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!

Дар ибтидо кулли мардуми Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон – моҳи парҳезгориву эҳсонкорӣ, хайру садақот, бахшиши гуноҳҳо ва поксозии зоҳиру ботин самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини мамлакат сулҳу оромӣ, файзу баракат ва зиндагии босаодат орзу менамоям.

Бояд гуфт, ки ҳикмати парҳезгориву рӯзадорӣ танҳо дар тарки хӯрдану ошомидан маҳдуд намегардад, балки ин моҳи муборак барои мусулмонон василаи эътиқодии муҳим ҷиҳати анҷом додани корҳои хайру савоб, амалҳои писандида, дасту забони пок доштан, гузашт кардану бахшидан, бо сабру таҳаммул будан ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ маҳсуб мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Шурои директорони Бонки ҷаҳониро ба ҳузур пазируфтанд

7 марти соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Шурои директорони Бонки ҷаҳониро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар мамлакати мо бо иштироки ин ниҳоди молиявӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Зимни суҳбат баҳри тобовар намудани иқтисодиёти мамлакат ба таҳдиду хатарҳо ва ҷалби бештари сармоягузориҳои шарикони рушд ба соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ табодули андеша доир шуд.