Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони 5 бинои истиқоматии 16-ошёна барои афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ оғоз бахшиданд

28 май дар маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо гузоштани санги асос ба сохтмони 5 бинои истиқоматии 16-ошёна бо 840 манзили истиқоматӣ барои афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ оғоз бахшиданд.

Зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳа ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки биноҳо ҳар кадоме шакли муосир дошта, ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта хоҳанд шуд.

Дар ошёнаҳои якум ва дуюми биноҳои истиқоматӣ марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, муассисаи томактабӣ, маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ, марказҳои хизматрасонии тиббӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ сохта мешавад.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо шароити Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шинос шуданд

28 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои иштирок дар Рӯзи таҷлили 30-юмин солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади шиносоӣ бо вазъи будубоши ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ ба маркази таълимии «Пойтахт» дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ташриф оварда, нахуст бинои наву замонавии 4-ошёна иборат аз ошхона ва хобгоҳи сарбозонро бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.

Сипас, Сарвари давлат бо шароити фароҳамгардидаи бинои навбунёди замонавӣ, шинос шуданд.

Бинои 4 ошёнаи таълимӣ аз ҳуҷраҳои корӣ барои ҳайати афсарон, хобгоҳи васею барҳавои сарбозӣ, ҳаммом, хонаи хизмати маишӣ, анбори нигоҳдории маҳсулот ва сару либоси ҳарбӣ, ҳуҷраи аслиҳа ва хонаҳои фароғатӣ иборат мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсевро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсевро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни суҳбат вазъ ва дурнамои ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Русия ва дигар мавзӯъҳои муҳими дуҷониба баррасӣ шуданд. Ба ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои муҳоҷирати корӣ ва амният таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Сарвари давлат аҳамияти таҳкими минбаъдаи робитаҳои вазоратҳои корҳои дохилӣ, инчунин натиҷаҳои пурсамари кори муштараки сохторҳои дахлдори ҳарду давлатро дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо, мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таъкид намуданд. Бо қаноатмандӣ ба кӯшиши ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи амалии тавофуқоте, ки чанде қабл дар сатҳи олӣ оид ба ҳалли мушкилоти соҳаи муҳоҷират ҳосил шуда буданд, ишора гардид.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбӣ мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ тақдим намуданд

27 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбӣ мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ тақдим намуданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни ҳарбиро ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатию рутбаҳои олии ҳарбӣ табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ сипари боэътимод ва ҳомиёни марзу буми сарзамини аҷдодиамон, яъне кафолати истиқлолу озодии давлату миллат, фазои орому осудаи кишвар ва ваҳдату сарҷамъии мардуми шарифи Тоҷикистонро сарбаландона ва ҷавонмардона таъмин карда истодаанд.

Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар робита ба 20-солагии ба имзо расидани Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров омадааст:

«Муҳтарам Садир Нургожоевич,

Дар робита ба 20-солагии ба имзо расидани Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва шарикӣ ба Шумо табрикоти самимии инҷонибро арз менамоям.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот доир намуданд

25 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот доир намуданд.

Дар мулоқот масъалаҳои таъмин намудани фаъолияти устувори соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани маданияти истифодаи обу замин, захираву имкониятҳои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа баррасӣ гардида, барои амалисозии ҳадафҳои созанда ва ислоҳи баъзе камбудиҳо дар назди мақомоти давлатии ҷумҳуриявию маҳаллӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин роҳбарони вилоятҳои дигар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара

Ҳозирини гиромӣ!

Мулоқоти анъанавии мову шумо дар давраи ба анҷом расидани мавсими киштукори баҳорӣ ва оғози ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад.

Мо бояд масъалаҳои таъмин намудани фаъолияти устувори соҳаи кишоварзӣ, самаранокии он, баланд бардоштани маданияти истифодаи обу замин ва дигар захираву имкониятҳои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаро баррасӣ намоем.

Зеро торафт шиддат гирифтани ҳолатҳои буҳронӣ дар ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла низоъҳои мухталифи минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он, аз ҷумла хушксолии паиҳам моро водор менамоянд, ки барои тобовар гардонидани иқтисоди Тоҷикистон ба таъсири манфии омилҳои берунӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишварамон аз тамоми иқтидору заҳираҳои мавҷуда самаранок истифода барем.