Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

4 декабр суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев баргузор гардид.

Зимни суҳбат натиҷаҳои ҳамоиши COP-29, масъалаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷониба, инчунин, дар заминаи раёсати ояндаи Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон баррасӣ шуд.

Пешвои миллат ба натиҷаҳои Саммити бомуваффақияти COP-29 дар Боку баҳои баланд дода, натиҷаҳои онро барои пешбурди минбаъдаи рӯзномаи ҷаҳонии иқлим хеле муҳим арзёбӣ карданд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи таъини интихоботи даъвати нави
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва
Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 27 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 23 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» фармон медиҳам:

1. Интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 2 марти соли 2025 таъин карда шавад.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ

Ҳозирини гиромӣ!

Дар ибтидо ҳамаи шуморо ба муносибати ифтитоҳи бинои нави Суди Олӣ, ки дар он беҳтарин шароиту имкониятҳои корӣ фароҳам оварда шудаанд, табрик мегӯям.

Чанд рӯз пештар мардуми кишвар яке аз санаҳои таърихӣ – 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро таҷлил намуданд.

Истиқлоли давлатӣ ҳамчун бузургтарин дастоварди мардуми шарифи Тоҷикистон ва Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози ҳаёти халқи тоҷик арзишҳое мебошанд, ки бо ҳам пайванди ногусастанӣ доранд.

Ин арзишҳо роҳи ояндаи дурахшони кишвар ва мақсаду мароми мардуми он – барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро муайян ва ҳамвор сохтанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд

5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Прокуратураи ноҳияи Сино ва Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.

Ин иншоот, ки тарҳи муосир ва шароити мусоиди корӣ доранд, ба ташаккули самтҳои фаъолият дар мақомоти прокуратураи кишвар заминаи муассир мегузорад.

Бинои нави Прокуратураи ноҳияи Сино дорои 38 ҳуҷраи муҷаҳҳаз бо лавозимоти соҳавӣ буда, истифода аз ин имконот ба таъмини ҳарчи бештари шароити корӣ мусоидат менамояд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои нави Кумитаи андоз санги асос гузоштанд

5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди бинои нави Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт санги асос гузоштанд.

Зимни шиносоии лоиҳа ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншооти нави Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 бинои 3 ва 16 ошёнаву таҳхона иборат буда, дорои 12 маҷлисгоҳи барҳаво, толор бо 500 ҷойи нишаст ва ошхона бо 160 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.

Бинои нав дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар масоҳати 9 ҳазору 145 метри мураббаъ сохта шуда, саҳни он мутобиқ ба талаботи лоиҳавӣ зебою назаррабо гардонида мешавад.

Ҳамдардии Пешвои миллат бинобар даргузашти Низорамо Зарипова

Рӯзи 30 ноябр яке аз шахсиятҳои маъруфи кишвар, арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ Низорамо Зарипова дар синни 101-солагӣ аз дунё даргузашт.

Низорамо Зарипова солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои гуногуни мақомоти роҳбарикунанда ба давлат ва халқи Тоҷикистон содиқона хизмат карда буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинобар даргузашти Низорамо Зарипова ба наздикону пайвандони ӯ ҳамдардӣ баён намуда, ба онҳо сабри ҷамил хостанд.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

29 ноябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст дар бораи Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 гузориши вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки вазифаҳои асосии барномаи мазкур, ки дар асоси талаботи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия гардидааст, муҳайёсозии заминаи асосии рушди  устувори  механиконии соҳаи кишоварзӣ ва дар маҷмуъ рушди ин соҳаи кишвар мебошад.